Барои омӯзгорони деҳаи дурдасти ноҳияи Ховалинг хобгоҳ сохта шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Сиёҳфарки Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг барои омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 хобгоҳ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг хабар медиҳад.
Хобгоҳи мазкур бо тариқи ҳашар аз ҷониби соҳибкорони маҳалии деҳаи Сиёҳфарк сохта шуда, дар он барои 21 омӯзгор шароити хуби истиқомат фароҳам оварда шудааст.
Бинои хобгоҳ, ки аз ду ошёна иборат аст, бо маблағи 1 миллион сомонӣ бунёд шудааст. Он аз 7 утоқи хоби 3 нафара, 2 утоқи оилавӣ, 1 ошхона ва 4 ҳаммом иборат мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгорон ва беҳтар намудани шароити кору зиндагии онҳо тадбирҳои муҳим меандешад, ки бо манзили зист таъмин намудани онҳо аз ҷумлаи ин чораандешӣ мебошад.
Ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати мамлакат аз таваҷҷуҳи хосса ба соҳаи илму маориф аз он иборат аст, ки сифати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баланд бардошта, насли ояндасози мамлакат бо фаро гирифтани илму дониши муосир барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии Ватан, пешрафти давлат ва ҳифзи сарзамини аҷдодӣ омода карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи моддаи 53-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф имтиёзҳои гуногун доранд. Аз ҷумла, омӯзгороне, ки маротибаи аввал аз фонди давлатӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин мешаванд ё ба беҳтар намудани шароити манзилашон эҳтиёҷ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати аввал бо хонаи истиқоматӣ ё қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ таъмин карда мешаванд.
Ҳамзамон барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки маротибаи аввал хонаи истиқоматӣ месозанд, тибқи қонунгузорӣ аз ҳисоби маблағи ғайрибуҷетӣ ё ташкилоти қарздиҳанда қарзҳои бефоиз ё имтиёзноки барои омӯзгор қобили қабул муқаррар карда мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд






