Беш аз 46 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ бо мавзеъҳои зебои Данғара шинос гардиданд

Октябрь 24, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 24.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар 9 моҳи соли 2025 ба ноҳияи Данғара 46 ҳазору 370 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ворид шуданд, ки 4313 нафарашон сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб хабар доданд.

Дар ноҳияи Данғара 8 меҳмонхонаи замонавӣ, 3 мавзеи сайёҳӣ, 15 тарабхонаи муосир, 3 осорхона, 82 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 3 чойхона, 32 маркази хизматрасонии бонкӣ, 9 мағозаи фурӯши армуғон, 5 зиёратгоҳ, 5 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 маркази иттилоотию сайёҳӣ, 4 хатсайри сайёҳии амалкунанда ва 12 ҳавзи моҳипарварӣ мавҷуд мебошанд.

Имконоти соҳаи сайёҳии ноҳияи Данғара ба намудҳои сайёҳии аграрӣ, шикор ва гастрономию экологӣ хеле мувофиқ буда, аз рӯи таҳлилҳо сайёҳон асосан дар фасли баҳор, хусусан дар ҷашни Наврӯз ба тамошои  талу теппаҳои лолазори ин минтақа мераванд.

Яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи меҳмонон ва сайёҳон дар ноҳияи Данғара деҳаи Пушинг мебошад, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ба яке аз мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ мубаддал гардид. Пушинг дорои ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва имконияти хуби сайёҳии экологӣ мебошад.

Пушинг — деҳаи қадимтарин буда, дар он нишонаю ёдгориҳои қарни ибтидоӣ, ёдгориҳои давраи асри санг, биринҷӣ ва оҳан мавҷуд мебошанд, ки то замони мо омада расидаанд. Бо мурури замон дар он инфрасохтори муҳим, аз қабили боғҳои фарҳангию фароғатӣ, кӯли дамгирӣ, майдони варзишӣ, растаҳои ҳунармандон ва дигар шароит муҳайё карда шуд.

Соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинг Боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарвариро ифтитоҳ намуданд.

Дар Боғи фарҳангию фароғатӣ дар назди ҳавз 4 суҳбаткада, 4 кат ва 30 курсӣ гузошта шудааст, ки меҳмонон ва сайёҳон метавонанд дар ин ҷо истироҳати хубу хотирмон дошта бошанд.

Ҳамчунин аз ду тарафи роҳравҳои ин мавзеи хушбоду ҳаво лавҳаҳои шеъру андарзҳои бузургон, шиору навиштаҷоти пур аз панди рӯзгор аз классикони тоҷик ҷамъоварӣ гардидаанд, ки барои тарбияи насли ҷавон бисёр бамаврид мебошанд.

Қаҳрамонони афсонавии бо оҳану чӯб сохташуда бо ороиши гуногун диққати кӯдакону наврасонро ба худ ҷалб мекунанд.

Дар ҳавзи ин деҳа моҳии навъҳои сазан, амури сафед, карп ва пешонапаҳн парвариш карда мешавад, ки ҳамасола теъдоди моҳӣ зиёд карда мешавад.

Дар дохили ҳавз 4 қаиқи гуногунҳаҷм дар хизмати истироҳаткунандагон гузошта шудааст.

Дар ин ҷо барои дӯстдорони варзиш имконияти мусоиди давидан ва обу тоби бадан муҳайё гардидааст. 1 километр роҳи атрофи ҳавз барои давидан мутобиқ карда шуда, дигар лавозимоти варзишӣ низ барои варзишгарон насб карда шудаанд.

Сайёҳон дар ноҳия бо мавзеъҳои таърихӣ ва сайёҳии «Хуррамшаҳр», Қасри фарҳанги ноҳия, Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара, «Сангтӯда», мавзеи «Хуталон», Хоҷашақиқи Балхӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, шаҳиди «Сари Қалъа», чашмаи «Нуқра» ва дигар мавзеъҳои дорои имконияти сайёҳӣ шинос мегарданд.

Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёду навсозии иншооти гуногун идома дорад. Ҳама пешрафту ободонӣ дар кӯчаю маҳалла ва ҷамоату деҳаҳо ба рушди сайёҳии ноҳия мусоидат мекунад. Зеро ҳар сайёҳе, ки ба ин ноҳия сафар мекунад, дар баробари дидани табиати зебо ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ инчунин аз муҳити тоза, кӯчаҳои ободу равшан, роҳҳои муосир ва хизматрасонии хуб баҳра мебарад.

Иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободонӣ ва созандагӣ на танҳо симои зоҳирии ноҳияро дигаргун мекунад, балки барои рушди сайёҳӣ заминаи мусоиди инфрасохторӣ фароҳам меорад.

Баъди ба истифода додани иншооти гуногун, аз қабили меҳмонхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ‑фароғатӣ, марказҳои варзишӣ ва муассисаҳои фарҳангӣ имконияти қабули сайёҳон дар ноҳияи Данғара васеътар мегардад. Ҳамзамон бо ин дастрасӣ ба мавзеъҳои ҷолиб, хатсайрҳои сайёҳӣ, дастгирии роҳбаладон ва фароҳам овардани шароити муносиб барои истиқомати муваққатии сайёҳон беҳтар карда мешавад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 24, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад