Беш аз 50 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияи Деваштич мумфарш карда шуданд

Октябрь 19, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Деваштич ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 50 километр роҳҳои маҳаллӣ ҳамвор ва мумфарш гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд.

То имрӯз дар 8 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявию маҳаллӣ мумфарш гардида, вазъи роҳу нақлиёт назар ба солҳои пеш чанд маротиба беҳтар шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд, ки «роҳу пул бунёд намудан аз ҷумлаи амалҳои неку созанда ба шумор рафта, роҳҳои тибқи меъёрҳои шаҳрсозӣ бунёдгардида даҳсолаҳо ба насли имрӯзу фардои миллат хизмат менамоянд».

Дар Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ мумфаршкунии роҳҳои калони нақлиётгард идома дорад. Паҳноии роҳ 6 метр ва дарозиаш зиёда аз 1000 метрро ташкил дода, ҳаҷми умумии маблағи сарфшуда қариб 1 миллион сомониро дар бар мегирад.

Сокинони деҳа изҳор намуданд, ки дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакатро ҳама вақт эҳсос менамоянд. Онҳо барои амалӣ кардани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имконияти мавҷуда истифода бурда, дар ободу зебо намудани ҳар маҳалла ва деҳаю кӯча саҳм мегузоранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти далатии ноҳияи Деваштич

Октябрь 19, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд