Бонки миллии Тоҷикистон ҳамкориро бо Бонки миллии Швейтсария тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 20.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими ҳамкории мутақобил байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Швейтсария дар мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо раиси Бонки миллии Швейтсария Мартин Шлегел дар Вашингтон баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо ҳамзамон роҳҳои таҳкими робитаҳои касбӣ ва густариши ҳамкориро дар бахшҳои сиёсати пулӣ, устувории молиявӣ, идоракунии хавфҳо ва афзоиши иқтидори кадрӣ баррасӣ намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкории ҳарду ниҳоди молиявӣ, ки зиёда аз 25 сол идома дорад, изҳори қаноатмандӣ намуд. Иброз гардид, ки дар ин давра лоиҳаҳои зиёди кумакҳои техникӣ дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва идоракунии хавфҳо бо дастгирии Бонки миллии Швейтсария амалӣ карда шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло нишондиҳандаҳои мусбати рушди иқтисодӣ дошта, сиёсати пулии мамлакат ба таъмини суботи нархҳо, таҳкими низоми бонкӣ ва рушди устувори иқтисодӣ нигаронида шудааст.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба ифтитоҳи суратҳисобҳои муросилотӣ, тавсеаи муомилоти молиявӣ, тақвияти пардохтҳои байналмилалӣ, ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ, рушди молияи “сабз” ва устуворӣ ба хавфҳои иқлимӣ суҳбат намуданд. Изҳор дошта шуд, ки табодули таҷриба, машваратҳои коршиносӣ ва барномаҳои омӯзишӣ метавонанд дар таҳкими иқтидори дастурӣ ва рушди насли нави мутахассисони соҳа мусоидат намоянд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки робитаҳо байни бонкҳои марказии ҳарду давлат бо назардошти манфиатҳои дуҷониба минбаъд низ дар сатҳи баланд идома меёбанд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






