БОЗИҲОИ СЕЮМИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ ИДМ. То 8 октябр варзишгарони тоҷик соҳиби 22 медал гардиданд

Октябрь 8, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 08.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони  наврасу ҷавони тоҷик то 8 октябри соли 2025 дар  Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон идома дорад,  соҳиби 22 медал (1 тилло, 5 нуқра ва 16 биринҷӣ) гардидаанд.  Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон аз макони баргузории бозиҳо иттилоъ додааст.

7 октябр дар маҷмааи варзишии шаҳри Ганҷаи  Ҷумҳурии Озарбойҷон дар доираи Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рақобатҳо  оид ба гӯштини юнонӣ-румӣ доир гардиданд. Паҳлавонони наврасу ҷавони тоҷик маҳорати арзанда нишон дода, сазовори як медали нуқра ва ду медали биринҷӣ гардиданд. Медали нуқраро Алишер Рузиматов дар вазни 71 кг сазовор гардида, медалҳои биринҷиро Муҳаммадёсин Ибодуллоев дар вазни то 45 кг ва Маҳдӣ Баротов дар вазни то 55 кг аз намуди гӯштини юнону румӣ  соҳиб шуданд.

Варзишгарони тоҷик дар баробари чор медали биринҷӣ аз намуди самбо ва таэквондо 15 медали дигар ба даст оварданд. Аз ҷумла, аз намуди бокс муштзанҳои навраси тоҷик сазовори 1 медали тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ шуданд.

Ягона медали тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо то имрӯз Беҳрӯз Умаров дар вазни 50 кг ба даст овардааст. Аъзамҷон Ҳасанов дар вазни 48 кг, Акбарҷон Абдуллоев дар вазни 57 кг медали нуқра, Фурӯғ Сарҳадзода дар вазни 60 кг байни духтарон, Дамир Назаров дар вазни 46 кг, Умарҷон Асроров дар вазни 66 кг ва Амир Нозимов дар вазни 75 кг  сазовори медалҳои  биринҷӣ гардидаанд.

Аз намуди гӯштини ҷудо  Юсуф Замонов дар вазни то 50 кг медали нуқра, Абубакр Худоиев дар вазни то 55 кг ва Лоиқ Қутбиддинов дар вазни то 60 кг медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар қайиқронӣ Муҳаммадӣ Раҷабов дар байдаркаи якнафарӣ ба масофаи 500 метр медали нуқра ва ба масофаи 200 метр медали биринҷӣ гирифт. Ҳамчунин ҷуфти Ислом Носиров/Далер Носиров (К-2, 200 метр) сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар намуди гӯштини тарзи озод  Идрис Баҳромов дар вазни то 71 кг ва Алиризо Баҳромов дар вазни то 80 кг медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои сеюми кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 142 варзишгар аз рӯйи 18 намуди варзиш иштирок  доранд.

Бозиҳо 28 сентябр оғоз шуда, имрӯз, 8 октябр анҷом меёбанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 8, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд