Чаро имсол дар Тоҷикистон истеҳсоли асал кам гардидааст?

Октябрь 25, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 24.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1 октябри соли 2025 дар мамлакат 270 ҳазору 247 оилаи занбӯри асал парвариш меёбад, ки дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ то имрӯз 3738 тонна асал истеҳсол гардидааст. Соли 2024 дар ҷумҳурӣ 275,6 ҳазор оилаи занбӯри асал мавҷуд буд, ки то 1 июли соли 2024  4260 тонна асал истеҳсол гардид. Имрӯзҳо нархи як килограмм асал дар бозори истеъмолӣ аз 80 то 120 сомониро ташкил медиҳад.

19 октябр дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳгон доир шуд, ки дар доираи он  «Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал» низ баргузор гардид. Занбӯриасалпарварон аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат намудҳои гуногуни асалро пешниҳод намуданд. Дар намоишгоҳ нархи як килограмм асал аз 80 то 120 сомонӣ муқаррар гардида буд. Дар ин гуна  намоишгоҳҳо нархи маҳсулоти пешниҳодгардида нисбат ба нархи бозор 30 фоиз арзонтар пешниҳод мегардад.

Тавре занбӯриасалпарварон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ  «Ховар» иброз доштанд, имсол ҳосили шаҳди занбӯрон барои истеҳсоли асал хеле кам мебошад. Зеро тағйирёбии иқлим ва хокбориш боиси тез хазон шудани гулҳо гардида, ҳосил нисбат ба соли 2024 то 20 фоиз кам шудааст.

Занбӯриасалпарвар аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Абдулҳафиз Раҷабов иброз намуд, ки «38 сол аст дар ин соҳа фаъолият менамоям. Агар имрӯз нархи як килограмм асали пешниҳоднамудаамон барои сокинони мамлакат гарон бошад, ин барои мо, занбӯрпарварон арзон аст. Зеро имсол ҳарорати баланди ҳаво ва хокбориш боиси тез хушк  шудани гулу гиёҳҳои дашту саҳро гардид. Маҳсулоти асали имсола он хароҷотеро, ки ман барои нигоҳубини занбӯрҳо намудам, набаровард».

Абдулҳафиз Раҷабов афзуд, ки «ҳамасола занбӯрҳоро барои  зимистонгузаронӣ дар мавзеъҳои атрофи шаҳр нигоҳ медорем. Сипас дар фасли баҳору тобистон ба минтақаҳои кӯҳистон, аз ҷумла ноҳияи Файзобод, Қалъаи Дашт, Мискинобод, Оби Гарм мебарем. Занбӯриасалпарварӣ низ ба монанди чӯпонӣ аст, зеро барои ин занбӯрон мавзеъҳои хуби сергул интихоб карда мешавад».

Тавре қаблан иттилоъ додем, масъалаи гармшавии бесобиқаи ҳарорати ҳаво, ки яке аз омилҳои асосии тағйирёбии иқлим маҳсуб мешавад,  имрӯзҳо  на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми оламро ба ташвиш овардааст. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера, ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ ва дар натиҷа ворид гардидани хисороти зиёд ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳо- ин ҳама нишонаҳои он мебошанд.

Асалпарвар Музаффар Асозода аз ноҳияи Тавилдара иброз намуд, ки мо ҳар сол як килограмм асали табииро бо нархи  70, 80 ва 90 сомонӣ ба фурӯш пешниҳод менамудем. Имсол бинобар баланд гардидани ҳарорати ҳаво, хокборишҳои пайваста ва тез хушк шудани гулу гиёҳи дашту саҳро  ҳосили асал хеле кам гардид.

«Имсол як килограмм асали табиии Тавилдараро дар бозорҳои истеъмолӣ бо нархи аз 100 то 129 сомонӣ пешниҳод намудам. Дар ин намоишгоҳ (дар ҷашни Меҳргон,- идора) як килограмм асалро бо нархи 80 сомонӣ пешниҳод намудам. Ростӣ аз ин нарх ба ман ягон фоида нест, зеро мо имсол хароҷоти кардаамонро пӯшонида натавонистем», -гуфт Музаффар Асозода.

Ба иттилои  иқлимшиносон, тағйирёбии иқлим ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал гардидааст. Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара моҳи майи соли 2025 иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад.

Мушовир оид ба масъалаҳои обу ҳаво ва иқлими Агентии  обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева иброз намуд, ки аз соли 2014 то 2024 дар асоси маълумоти ҷамъоваришуда аз 48 истгоҳи обуҳавошиносии ҷумҳурӣ тамоюли умумии коҳиши миқдори бориш дар қисми зиёди мамлакат муайян карда шуд. Бориши солҳои 2016-2017 бақайдгирифта 50-62 фоизи меъёри миёнаи иқлимиро ташкил дод.

«Инчунин дар ноҳияҳои ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар фасли баҳор микдори бориши борон ба ҳисоби миёна аз 22 то 67 миллиметрро ташкил дод. Ин назар ба чанд соли гузашта ба ҳисоби миёна 15—20 фоиз кам мебошад. Давоми ёздаҳ соли охир дар мамлакат дар давраи зимистону баҳор миқдори бориши борон аз меъёри иқлимӣ 5—10 фоиз кам шудааст»,-гуфт Ҷамила Байдуллоева.

Сардори Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии мамлакат Сангин Самиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки моҳи майи соли 2025 дар Тоҷикистон чор маротиба воридшавии чангу ғубор ба қайд гирифта шуд. Чангбоде, ки ба мамлакат ворид мегардад, сабаби ифлосшавии ҳавои атмосфера мегардад. Ин моддаҳои муаллақ (чанг) аз заррачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5) иборат ҳастанд.

«Солҳои охир бинобар тағйирёбии иқлим дар мамлакат ба вуҷуд омадани чангу ғубор зиёд ба қайд гирифта мешавад.  Яке аз омилҳои асосии ин ҳолат паст будани намнокӣ дар биёбонҳо ва нимбиёбонҳои давлатҳои ҳамсояи Осиёи Миёна, Эрон, Афғонистон ва ҳатто биёбони Сахара мебошад, ки боиси ба вуҷуд омадани хокбориш мегардад. Чангу ғуборе, ки дар ҳаво паҳн мешаванд, тавассути шамол ба давлати мо ворид мегарданд»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли тобистон воридшавии чангу ғубор ба мушоҳида мерасад. Имсол он дар моҳи май бештар ба қайд гирифта шуд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон миқдори чангу ғубор камтар мебошад. Дар шимоли мамлакат бинобар вазиши босуръати шамол чангу ғубор боқӣ намемонад. Аммо дар минтақаҳои ҷанубу ғарбии мамлакат ҳолати ифлосшавии ҳаво бештар мушоҳида мешавад. Дар шаҳри Душанбе, ки дар доманакӯҳ ҷойгир аст, моҳи май хокбориш бештар ба амал омад.

Сангин Самиев иброз медорад, ки дар мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон барои бартараф намудани ин ҳолат дар шаҳрҳо аз болои ошёнаҳои баланд об мепошанд, яъне муҳитро намнок менамоянд. Барои бартараф намудани ин ҳолат ва пешгирии чангу ғубор одамон бояд бештар дарахт шинонанд, зеро ниҳолу буттаҳо ҳавои муҳитро тоза нигоҳ медоранд.

«Инчунин маҳали зистамонро бояд бештар сабзазор намоем. Шуруъ аз охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад. Хуб мешуд, ки дар ин маърака тамоми шаҳрвандони мамлакат иштирок намуда, дар тоза нигоҳ доштани муҳити зист, пешгирии ифлосшавӣ ва ҷамъшавии чангу ғубор саҳм гузоранд»,-гуфт ҳамсуҳбати мо.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 25, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Неругоҳи барқи обии «Тоҷикистон» дар 7 сол 30 миллион кВт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст
Дар ноҳияи Деваштич шудгори заминҳо оғоз гардид
Оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар рушди энергетикаи устувор намоиши аксҳо доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 611 гектар замин шудгор карда мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро набояд истеъмол кард
Президенти Тоҷикистон давоми се даҳаи истиқлол тавонистанд давлатро ба пояи устувори иқтисодӣ ва маънавӣ расонанд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ- ЗАМИНАИ ТАЪСИСИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Дар Хатлон беш аз 30 ҳазор зан ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул аст
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-ҶАШНИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Президенти Тоҷикистон миллати тоҷикро дар давраи ниҳоят мушкили сиёсӣ соҳибдавлат гардониданд
Дар Душанбе масъалаҳои марбут ба тавоноӣ барои мувозинати низоми энергетикӣ баррасӣ карда шуд
Лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардид
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст