Дар Академияи миллии илмҳо бо намояндагони Корпоратсияи «Синергия» рушди инфрасохтори рақамӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 октябр президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо роҳбари Шуъбаи рушди бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалии Корпоратсияи «Синергия» Владимир Маркин ва асосгузору директори генералии «Bonoor Group» Шариф Абдуллоев мулоқот намуд, ки зимни он ба масъалаи зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Иброз шуд, ки дар шароити ҷаҳони рақамӣ зеҳни сунъӣ на танҳо абзори ёрирасон, балки унсури муҳими қабули қарор ва таҳлили додаҳо маҳсуб мешавад, ки барои идоракунии самараноки захираҳо зарур мебошад.
Бо назардошти аҳамияти ҳамкории илмӣ ва таҳқиқотӣ ҷонибҳо барои ҳамкорӣ бо Корпоратсияи «Синергия» ба мувофиқа расиданд. Корпоратсияи «Синергия» — яке аз калонтарин сохторҳои илмӣ-таълимӣ мебошад, ки имрӯз дар соҳаи таҳсил ва фанноварӣ ба мамлакатҳои гуногун имконияти нав фароҳам меорад. Ҳамкорӣ метавонад дар доираи платформаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва БРИКС густариш ёбад.
Инчунин зимни мулоқот ба масъалаи рақамикунонӣ, аз ҷумла рушди инфрасохтори рақамӣ, табдили хизматрасониҳо ба шакли электронию рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






