Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии ИДМ амалияи татбиқи шартномаҳо оид ба ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ баррасӣ гардид

Октябрь 21, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 21.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он ҳайатҳои мақомоти прокуратураи генералии давлатҳои Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбекистон, ки дар Шурои ҳамоҳангсозӣ намояндагӣ мекунанд, иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа муовини прокурори генералии Туркманистон, муовини котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ /СААД/, Раиси Кумитаи Думаи давлатии Федератсияи Русия оид ба аманият ва муқовимат ба коррупсия, Роҳбари Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Раиси Шурои роҳбарони воҳидҳои иктишофи молиявии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҷрибаи беҳтарини мақомоти прокуратураҳои генералии ин давлатҳо мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.

Дар ин ҷаласа, аз ҷумла масъалаҳои муҳими марбут ба таъмини амнияти экологӣ, мусодираи амволи ғайриқонунии бадастовардашуда, такмили низоми чораҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ, автоматикунонӣ ва мониторинги таҳлилии баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мубориза бо расмиятчигӣ дар шикоятҳо дар мурофиаи ҷиноятӣ, ҳифзи ҳуқуқи ноболиғон, мубориза бо ҷинояткорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, экстремизм ва терроризм, назорат аз болои иҷрои қонунгузорӣ дар соҳаи сохтмон баррасӣ гардида, доир ба онҳо таклифҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.

Дар ҷаласа инчунин вазъи ҷинояткорӣ, корҳои тафтишотӣ, фаъолияти прокурорӣ, амалияи татбиқи шартномаҳо дар соҳаи ҳамкории байналмилалии ҳуқуқӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024, татбиқи барномаҳои ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024, аз ҷумла «Барномаи байнидавлатии тадбирҳои муштарак оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм барои солҳои 2023-2025», «Барномаи ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар таҳкими амнияти сарҳадӣ дар сарҳадҳои беруна барои солҳои 2021-2025» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон дар ҷаласа бо овоздиҳии умумӣ Прокурори генералии Федератсияи Русия Александр Гутсан Раиси Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардид.

Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон Максат Асаналиев бо нишони сарисинагии «Прокурори фахрии ИДМ» сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин намояндагони мақомоти прокуратураҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аъзои Шурои ҳамоҳангсозӣ мебошанд, бо медали «Барои таҳкими қонуният ва тартибот»-и Шурои ҳамоҳангсозии прокуратураҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мукофотонида шуданд.

Дар анҷоми ҷаласа Протоколи ҷамъбастӣ ба имзо расида, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Ҳамчунин дар доираи ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил якчанд вохӯрии дуҷонибаи прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла мулоқоти дуҷонибаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо прокуророни генералии ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Узбекистон баргузор гардид. Дар онҳо масъалаҳо вобаста ба таҳкими ҳамкорӣ байни мақомоти прокуратураи генералии Тоҷикистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбекистон баррасӣ гардиданд.

Прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил инчунин мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе, аз ҷумла Маҷмааи меъмории Исмоили Сомонӣ ва «Истиқлол»-ро тамошо намуда, дар барномаи консертии ҷашнӣ, ки ба муносибати 30-солагии таъсиси Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, иштирок менамоянд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 21, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд