Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дурнамои иқтисодиву молиявии Тоҷикистон аз масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқоти Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Мулоқот дар доираи баррасии сеюми Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) доир шуда, ҷонибҳо арзёбии натиҷаҳои Барнома, таҳкими ҳамкории минбаъдаро мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор доданд.
Фирдавс Толибзода зимни шарҳи вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ гуфт, ки «Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ сиёсати пулию қарзиро баҳри таъмини суботи нархҳо ва эътимоди ҷомеа ба пули миллӣ равона намуда, ҷиҳати иҷрои «Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат», ки бо назардошти ислоҳоти афзалиятнок бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат таҳия гардидааст, кӯшиш менамояд».
Гуфта шуд, ки ин вохӯрӣ фурсати муносиб барои муҳокимаи натиҷаҳои бадастомада ва баррасии масъалаҳо ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкории минбаъда мебошад.
Дар вохӯрӣ натиҷаҳои татбиқи марҳилаҳои қаблии Барнома баррасӣ гардида, ҷонибҳо инчунин доир ба дурнамои иқтисодӣ ва тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҳкими сиёсати иқтисодӣ, идораи самараноки захираҳои байналмилалӣ, таҳкими бозори асъор, идораи самараноки пардохтпазирӣ ва пешгирии фишорҳои таваррумӣ, устувории бахши молиявӣ ва иҷрои тавсияҳои ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор табодули назар намуданд.
Таъкид шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба рақамикунонии низоми молиявӣ, густариши хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва қабулу истифодаи технологияҳои муосир (RegTech ва SupTech) аҳаммияти махсус медиҳад. Ин иқдом ба баланд бардоштани самаранокии танзим ва густариши фарогирии молиявӣ равона шудааст.
P.S: Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrument) фишанги ғайримолиявӣ буда, дар доираи он ба кишварҳои аъзо кумаки машваратӣ пешниҳод мегардад. Барномаи мазкур барои беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ муҳим ба шумор рафта, истифода аз он ба афзоиши ҷолибияти иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад кард.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид






