Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Маркази забони кореягӣ ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 06.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Маркази забони кореягии Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея ифтитоҳ ёфт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Ифтитоҳи марказ қадами муҳим дар самти рушди ҳамкории байналмилалӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ арзёбӣ гардида, донишҷӯёни тоҷик тавассути ин марказ имконияти беҳтари омӯзиши забони кореягӣ ва шиносоӣ бо фарҳанги Кореяро пайдо менамоянд.
Ҳамкории донишгоҳӣ байни Тоҷикистону Корея на танҳо ба такмили малакаҳои забонӣ мусоидат мекунад, балки робитаҳои дӯстӣ ва фарҳангиро байни ду миллат таҳким мебахшад.
Ҳамзамон Маркази байналмилалии ҳамкории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Ҷонбук ба фаъолият оғоз кард. Ифтитоҳи ин ду марказ заминаи устувор барои таҳкими робитаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули донишҷӯёну устодон ва амалӣ гардидани барномаҳои муштараки таълимӣ мебошад.
Ин марказҳо бо мақсади ба роҳ мондани назорати ҳамаҷониба дар самти амалӣ намудани таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди ҳамаҷонибаи забонҳои хориҷӣ дар самти рушд ва инкишофи бисёрзабонӣ таъсис дода шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад






