Дар Душанбе аз 8 то 12 октябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт маҳдуд ва фаъолияти баъзе бозорҳои марказӣ қатъ карда мешавад

Октябрь 7, 2025 14:15

ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба маълумоти шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бинобар баргузор гардидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ аз 8 то 12 октябр фаъолияти бозорҳои «Корвон», «Кӯшониён», «Меҳргон», инчунин марказҳои савдои «Панҷшер», «Ганҷина» ва «Садбарг» (ба истиснои нуқтаҳои фурӯши маводи хӯрокворӣ) муваққатан қатъ мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин раёсат иттилоъ доданд, инчунин аз 7 то 12 октябр баргузории намозҳои ҷамоатӣ дар масҷидҳои «Мавлоно Яъқуби Чархӣ», «Сари Осиё», «Абӯ Ҳанифа», «Ҳоҷӣ Исматулло» ва аз 8 то 12 октябр масҷиди ба номи «Имом-ал-Бухорӣ» муваққатан мавқуф гузошта мешавад.

Масъулини раёсат ба диққати ронандагон мерасонад, ки дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо аз истифодаи нақлиёти шахсӣ худдорӣ намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баранд.

Ҳамзамон аз таваққуфи воситаи нақлиёт дар кӯчаҳои протоколӣ худдорӣ намуда, бе зарурати ҷиддӣ аз сафар ва воридшавӣ ба шаҳри Душанбе худдорӣ намоянд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе

Октябрь 7, 2025 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд