Дар Душанбе китоби «Занбӯриасалпарварӣ»-и Файзулло Мирзо рӯнамоӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон асари нави илмӣ бо номи «Занбӯриасалпарварӣ», ки аз ҷониби олими шинохтаи соҳа Файзулло Мирзо таҳия ва таълиф гардидааст, рӯнамоӣ карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар ҳамоиш олимон, донишмандон, коршиносони соҳавӣ, инчунин фарзандон ва дӯстони муаллиф иштирок намуданд.
Зимни рӯнамоӣ таъкид гардид, ки рушди устувори соҳаи кишоварзӣ танҳо бо амалияи истеҳсолӣ маҳдуд намешавад, балки ба таҳкими заминаи назариявӣ, тадқиқоти илмӣ ва пажӯҳишҳои мақсаднок ниёз дорад. Дар ҳамин замина, олимон ва муҳаққиқони кишвар пайваста барои густариши донишҳои соҳа ва тавсеаи илми кишоварзӣ талош меварзанд.
Тазаккур дода шуд, ки асари мазкур бо ҳадафи таҳкими заминаи илмӣ ва густариши донишҳои назариявию амалии соҳаи занбӯриасалпарварӣ омода карда шудааст.


Тавре изҳор гардид, китоб фарогири омӯзиши ҳамаҷонибаи илмии соҳаи занбӯриасалпарварӣ буда, таърих, равандҳои ташаккул ва хусусиятҳои рушди ин бахшро дар минтақаҳои кӯҳистонии мамлакат дарбар мегирад.
Асар дорои арзиши илмӣ, амалии баланд буда, метавонад ҳамчун манбаи таълимӣ ва дастури методӣ барои донишҷӯён, мутахассисон ва пажӯҳишгарони соҳа хизмат намояд.
Ёдовар мешавем, ки китоби «Занбӯриасалпарварӣ» бо теъдоди 500 нусха ба табъ расидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»









Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






