Дар Душанбе Конфронси сеюми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 23.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Конфронси сеюми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ баргузор гардид.
Дар конфронс зиёда аз 150 ҳайат ба намояндагӣ аз мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай — Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон, сохторҳои кории мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-Кумитаи иҷроия, Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ, Шурои фармондеҳони қӯшунҳои сарҳадӣ, Шурои вазирони корҳои дохилӣ, Шурои роҳбарони воҳидҳои иктишофии молиявӣ, Шурои роҳбарони хадамоти гумрук, Шурои ҳамоҳангсози прокуророни генералӣ, Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ ва Маркази зиддитеррористӣ, мақомоти ваколатдор ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Кумитаи зиддитеррористии Шурои амнияти СММ, Раёсати зиддитеррористии Кумитаи Шурои амнияти СММ, гурӯҳҳо оид ба мониторинги таҳлилӣ ва таҳримҳои Шурои амнияти СММ, Маркази минтақавии дипломатияи пешгирикунанда дар Осиёи Марказӣ, Дафтари минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай, Котибот ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ, Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Котиботи Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Гурӯҳи Авруосиёӣ оид ба мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, муассисаҳои илмию таълимӣ, аз қабили Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти асосии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба тайёр кардани кадрҳо дар соҳаи мубориза бо терроризм ва экстремизм, Академияи Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия, Ташкилоти асосии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба омӯзиши проблемаҳои мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти ифротгароӣ, Маркази Хадамоти федеролии Амнияти Федератсияи Русия, Академияи Хадамоти давлатии амнияти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Маркази илмӣ-таълимии Хадамоти амнияти миллии Ҷумҳурии Арманистон, Академияи Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Беларус, Академияи Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Академияи Хадамоти амнияти миллии Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.
Нахуст Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, раиси Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба иштирокчиёни конфронс расонида шуд.
Дар ҷараёни ҷаласаи пленарӣ Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, муовини Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай, намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиёи Марказӣ, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Котиби генералии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавиии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ва Роҳбари Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо таҳлили вазъи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ зарурати бештари муттаҳидсозии саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро барои мубориза бар зидди терроризм суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории конфронси мазкурро, ки иқтидори онро бо «Раванди Душанбе»-замина барои ҳамкории байналмилалӣ, муколамаи ҳамаҷониба ва табодули таҷрибаи пешқадам дар ин самт фароҳам овардааст ва ҳамоҳанг месозад, таъкид намуданд.
Дар ҷаласаи якуми конфронс иштирокчиён бо назардошти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, аз ҷумла доир ба арзёбии вазъи кунунӣ ва пешгӯии рушди он дар самти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ бо назардошти дигаргунсозии низоми амнияти байналмилалӣ; таъсири омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, динӣ ва дигар омилҳо ба афзоиши фаъолияти террористию экстремистӣ; усулҳои инноватсионии таҳлили таҳдидҳои амниятӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, таҳлили маълумоти калонҳаҷм, ташкили низоми самараноки миллии пешгирии терроризм ва экстремизм, бахусус дар байни ноболиғон ва ҷавонон, таҳия ва рушди низоми миллии тадбирҳои пешгирии ифротишавии аҳолӣ, амалияи ташкили ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва ширкатҳои фаромиллӣ, ки хизматрасонии технологияҳои иттилоотиро барои муайян, маҳдуд ва бастани мундариҷаи террористӣ ва экстремистӣ дар интернет пешниҳод мекунанд; таҳияи модели самараноки таъмини ҳифзи зиддитеррористии иншооти муҳим ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ва усулҳои муосири муқовимат ба маблағгузории терроризм ва ифротгароӣ бо истифода аз дороиҳои электронии рақамӣ табодули афкор ва мубодилаи таҷриба намуданд.
Дар ҷаласаи дуюм иштирокчиён масъалаҳои кунунии ҳамкории бисёрҷониба дар мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла масъалаҳои вобаста ба арзёбии вазъият ва самаранокии тадбирҳои муштарак оид ба вокуниш ба хатарҳо ва таҳдидҳои мавҷуда ва зуҳуркунанда, такмили заминаи ҳуқуқии ҳамкории бисёрҷониба ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ, таҳияи низоми мубодилаи иттилоот байни ташкилоти дахлдори байналмилалӣ ва минтақавӣ, татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба муқовимат ба радикализатсияи аҳолӣ, аз ҷумла ноболиғон ва ҷавонон, тадбирҳои дастҷамъона оид ба офиятбахшӣ ва ба ҳаёти иҷтимоӣ баргардонидани шахсоне, ки қаблан дар фаъолияти террористӣ иштирок доштанд бо аъзои оилаи онҳо ва арзёбии самаранокии ин тадбирҳо,пешгирии истифодаи шабакаҳои муҳоҷират барои ҳаракат ва қонунигардонии шахсони воқеие, ки аъзои ташкилоти террористию экстремистӣ мебошанд, такмили низоми тадбирҳои байнидавлатӣ оид ба таъмини ҳифзи зиддитеррористии иншооти муҳим, аз ҷумла инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, механизмҳои самараноки бисёрҷонибаи муқовимат ба истифодаи воситаҳои муосири рақамӣ дар маблағгузории фаъолияти террористӣ ва экстремистиро баррасӣ намуданд.
Ҷаласаи сеюми конфронс ба беҳтар намудани дастгирии илмию таълимӣ ба фаъолияти мубориза бо терроризм ва экстремизм бахшида шуд. Роҳбарони муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ташкили корҳои таълимӣ, методӣ ва илмӣ дар ин самт табодули таҷриба намуда, дурнамои рушди ҳамкориро бо назардошти муқаррароти «Барномаи маҷмуии таълими касбӣ ва рушди кадрҳо дар соҳаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2026-2028», ки бо қарори Шурои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 16 октябри соли 2025 тасдиқ карда шудааст, баррасӣ намуданд.
Зимни музокира ба масъалаҳои ташкили омӯзиши кормандони бахшҳои амалӣ ва ҳайати профессорону омӯзгорони муассисаҳои таълимии Иттиҳод дар самтҳои муҳими фаъолияти мубориза бо терроризм ва экстремизм, аз ҷумла дар самти таҳияи Нақшаи муштараки барномаҳои намунавии таълимӣ дар самтҳои ояндадори таҳсил барои соли 2026, «Харитаи роҳи такмили таъминоти таълимӣ ва методии барномаҳои таълимӣ барои солҳои 2026-2028» ва барномаҳои намунавии таҳсилоти давомдор, инчунин стандартҳои таълимӣ дар соҳаи дерадикализатсия, таҳияи мавзуъҳои илмии дурнамои такмили раванди таълим барои солҳои 2026-2028 ва Нақшаи муштараки таҳқиқот оид ба такмили раванди таълим барои соли 2026 диққати махсус дода шуд.
Дар фарҷом иштирокдорон ҷонибдории қатъии худро барои таҳким ва рушди ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ дар асоси принсипҳои ошкорбаёнӣ ва эътимоди мутақобил бо такя ба меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ изҳор намуданд. Муколамаи касбӣ, ки дар Конфронси сеюми зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд, 24 октябр дар Душанбе идома меёбад.
Дар ин рӯз иштирокчиёни конференсия масъалаҳои таъсиси шабакаи огоҳсозии бармаҳал ва зиддитеррористӣ дар Осиёи Марказӣ, инчунин таҷрибаи минтақавии мубориза бо терроризм дар ҳошияи нишасти матбуотии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба ташаббусҳои зиддитеррористӣ ва ифротгароӣ, ки нахустин маротиба баргузор гардида буд, ҷараёни машқҳои муштараки зиддитеррористии мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Иттиҳод-Антитеррор-2025» ва марҳилаи ниҳоии он дар шакли муштарак бо марҳилаи ниҳоии машқ бо неруҳои посдори сулҳи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таҳти унвони «Бародарии шикастнопазир» ва масъалаи вобаста ба ҷаласаи машваратии ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро, ки дар он масъалаҳои такмили қонунгузории байнидавлатӣ ва миллӣ дар соҳаи амният баррасӣ мегардад, муҳокима менамоянд.