Дар Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи фалак чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи фалак ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки таҷлили бошукуҳи Рӯзи фалак ва ворид шудани номинатсияи «Фалак» ба Мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО аз ҷумлаи иқдоми фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдом чун далели арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавию фарҳангӣ, эҳёи беҳтарин суннатҳои санъати миллӣ, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст, маънидод мегардад.
Мусиқии фалак, ки реша дар фарҳанги кӯҳистони тоҷикон дорад, беш аз 12 сабку навъ: фалаки даштӣ, равона, роғӣ, паррон, қаландарӣ, сафарӣ, ғарибӣ, бепарвофалак, мотамӣ, муноҷот, оҳ ва мадҳияро фаро мегирад.
Дар анҷоми ҳамоиш дар вазъияти тантанавӣ ба як зумра ҳунармандони шаҳри Кӯлоб барои хизматҳои назаррас, ноил гардидан ба дастовардҳои пурсамари меҳнатӣ ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи фарҳанг Сипоснома тақдим карда шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






