Дар Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи фалак чорабинии ҷашнӣ баргузор шуд

Октябрь 10, 2025 14:38

ДУШАНБЕ, 10.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати Рӯзи фалак ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки  таҷлили бошукуҳи Рӯзи фалак ва ворид шудани номинатсияи «Фалак» ба Мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО аз ҷумлаи иқдоми фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин иқдом чун далели арҷгузорӣ ба арзишҳои маънавию фарҳангӣ, эҳёи беҳтарин суннатҳои санъати миллӣ, ки аз ниёгон ба мо мерос мондааст, маънидод мегардад.

Мусиқии фалак, ки реша дар фарҳанги кӯҳистони тоҷикон дорад, беш аз 12 сабку навъ: фалаки даштӣ, равона, роғӣ, паррон, қаландарӣ, сафарӣ, ғарибӣ, бепарвофалак, мотамӣ, муноҷот, оҳ ва мадҳияро фаро мегирад.

Дар анҷоми ҳамоиш дар вазъияти тантанавӣ ба як зумра ҳунармандони шаҳри Кӯлоб барои хизматҳои назаррас, ноил гардидан ба дастовардҳои пурсамари меҳнатӣ ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи фарҳанг Сипоснома тақдим карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Октябрь 10, 2025 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад