Дар Муассисаи давлатии Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд

Октябрь 19, 2025 15:00

ЁВОН, 19.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» дар Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон соҳибкори маҳаллӣ Абдуҷамил Сатторов бо чуқурии 75 метр чоҳи амудӣ канда, ба истифода дод. Ҳоло бошандагони муассиса бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин буда, заминҳои атрофи бинои муассиса самаранок истифода карда мешаванд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд масъулини Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Раиси деҳаи Меҳрободи ноҳияи Ёвон Ҷаъфар Қурбонов барои бошандагони ин муассиса анбор барои захираи хӯрокворӣ месозад, ки ин амали хайр ба тозаю безарар нигоҳ доштани маҳсулоти хӯроквории бошандагон мусоидат менамояд.

Барои дар амал тадбиқ намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» масъулини Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон нақшаи пешниҳодгардидаро сад фоиз иҷро намуданд. Имрӯзҳо ҳуҷраҳои бошандагон ва хонаҳои онҳо бо гармӣ таъмин мебошад.

Дар анборҳои Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон барои се вақт бо хӯроки гарм таъмин намудани бошандагони ин муассиса 5000 кг картошка, 1000 кг пиёз, 6 тонна орд, 400 литр равған, 800 кг биринҷ, 600 кг шакар, 4 тонна дигар намуди маводи хӯрокворӣ ва садҳо банка шарбати меваю шакароб ва бодирингу помидори шӯр захира карда шудааст. Ҳамчунин барои бо гармӣ таъмин намудани утоқҳои бошандагон 5 тонна ангишт, 80 метри мукааб ҳезум, 1000 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Дар ин муассиса 100 печкаи барқию 4 бухорӣ мавҷуд аст. Бинобар ба хати озоди барқ пайваст будани муассиса ҳуҷраҳои бошандагон бо гармӣ таъмин мебошанд. Ҳамчунин дар муассиса дар 400 метри мураббаъ шишабандӣ гузаронида шудааст.

Дар айни замон дар Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон 138 бошанда истиқомат мекунад, ки 39 нафар дар шуъбаи кӯдакона ва 99 нафар дар шуъбаи калонсолон мебошанд. Шуъбаи кӯдакон аз 6 то 18-солаҳоро фаро мегирад, ки аз онҳо 5 нафар ятими кулл, 15 нафар нимятим ва 19 кӯдак аз оилаҳои камбизоат мебошанд.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон мунтазам аз ҳоли ятимону бошандагони ин муассисаҳо хабар гирифта, мушкилоти ин муассисаро сари вақт бартараф мекунанд. Ҳамчунин дар арафаи ҷашнҳои миллӣ дар муассиса чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил ва барои бошандагонашон дастурхони идона омода менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд