Дар шаҳри Панҷакент Маҷмааи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ба истифода дода шуд

Октябрь 12, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 12.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент Маҷмааи фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳунаромӯзӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд

Иттилоъ дода шуд, ки дар ошёнаи якуми маҷмаа маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ ташкил гардида, 10 нафар занону духтарони бешуғл ба омӯзиши касбу ҳунар ҷалб карда шудаанд. Дар ошёнаи дуюм китобхона бо адабиёти гуногун ба забонҳои тоҷикӣ ва хориҷӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки барои сайёҳон ва меҳмонон имкони шиносоӣ бо таъриху фарҳанги миллати тоҷикро фароҳам меорад. Дар ошёнаи сеюм меҳмонхона бо 14 ҷой барои қабули меҳмонон омода гардидааст.

Дар деҳаи Некнот бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони Маркази саломатӣ идома дорад. Ҳамзамон сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Файзулло Ансорӣ оғоз гардид.

Бинои нави таълимӣ барои 650 хонанда пешбинӣ гардида, бо шароити муосир ва инфрасохтори зарурӣ таъмин карда мешавад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Октябрь 12, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид