Дар шаҳри Пусан ҳамкории Ҷумҳурии Корея бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар шаҳри Пусани Ҷумҳурии Корея бо ташаббуси Котиботи форуми ҳамкории Корея ва Осиёи Марказӣ дар доираи нахустин Саммити ҷаҳонии сайёҳии шаҳрӣ сессияи махсус дар мавзуи «Ҳамкорӣ барои рушди сайёҳӣ байни Корея ва Осиёи Марказӣ» доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд, дар он намояндагони соҳаи сайёҳӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон доир ба имкониятҳои сайёҳии кишвар маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Иштирокчиён самтҳои эҳтимолии ҳамкории минбаъдаро байни Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди муҳокима қарор дода, аҳамияти рушди устувори сайёҳӣ, табодули фарҳангӣ ва таҳкими робитаҳои байни мардумонро таъкид карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






