Дар Суғд ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қадрдонӣ гардиданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар даври вилоятии озмун 1134 нафар иштирок намуда, аз рӯи чор номинатсия 90 нафар ғолиб дониста шуд.
Зимни маросими қадрдонии ғолибон Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, бо дастури Сарвари давлат мукофотпулӣ ва ҷоизаҳои ғолибони озмунҳо аз сатҳи мактаб то ҷумҳурӣ 100 фоиз зиёд карда шудааст. Ин нишонаи он аст, ки давлат аҳли илму маорифро дастгирӣ менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки даврҳои якум ва дуюми озмун дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ ва шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор шуда, дар онҳо беш аз 70 ҳазор нафар иштирок намуданд.
Тибқи хулосаи ҳакамон, имсол аз даври вилоятии озмун 90 нафар ба даври ниҳоии ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт. Аз ҷумла, 18 нафар дар номинатсияи адабиёти кӯдакон ва наврасон, 24 нафар дар адабиёти муосири тоҷик, 24 нафар дар адабиёти классикии тоҷик ва 24 нафар дар адабиёти ҷаҳон.
Ба ғолибон дар ҳаҷми 4, 6 ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим гардид. Ҳамчунин ба 54 нафар омӯзгороне, ки шогирдонашон ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд, туҳфаҳо супорида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид






