Дар Теҳрон ҷаласаи 4-уми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи 4-уми вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) баргузор гардид, ки дар кори он Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок кард. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд.
Иштирокчиён зимни ҷаласа масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, андешидани тадбирҳо оид ба мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, стратегияҳои идоракунии офатҳо ва буҳронҳо, густариши ҳамкории вилоятӣ ва наздисарҳадӣ, идоракунии раванди муҳоҷират ва амнияти сарҳад, ҳамкории минтақавӣ оид ба масъалаҳои нави технологӣ, аз ҷумла зеҳни сунъиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа оид ба нақши назарраси Тоҷикистон дар самти мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ сухан гуфт. Ҳамзамон Рамазон Раҳимзода доир ба масъалаҳои ҳамкории амнияти минтақавӣ, саҳмгузорӣ дар ташаббусҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва самтҳои эҳтимолии шарикӣ барои ҳалли мушкилоти муштарак ибрози андеша намуд.
АКС: ISNA








Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид






