Дар Женева имкониятҳо ва мавқеи Тоҷикистон оид ба устувории энергетикӣ муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 03.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр дар шаҳри Женева дар доираи Ҳафтаи энергияи устувори Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) барои Аврупо (UNECE) чорабинии сатҳи баланд оид ба «Ҳамкорӣ дар самти энергетикаи устувор дар минтақаи Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA): тақвияти устувории энергетикӣ, гузариш ба энергияи сабз ва рушди ҳамкорӣ байни минтақаҳо» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Швейтсария хабар доданд.
Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода иштирок намуд.
Дар ҳамоиш имкониятҳои соҳа ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба устувории энергетикӣ, суръат бахшидани гузариш ба энергияи сабз, пешбурди ташаббусҳои муштараки минтақавӣ ва ҷалби сармоягузорӣ барои инфрасохтори cоҳа муаррифӣ карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд






