ДАРАХТ БИНШОН! Аз охири моҳи ноябр дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мешавад

Октябрь 28, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 28.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол маъракаи ниҳолшинонӣ дар Тоҷикистон аз даҳаи охири моҳи ноябр оғоз мегардад. Яъне ниҳолҳо баъд аз хазонрезӣ шинонида мешаванд. Зеро баъд аз хазонрезӣ дарахтон дар оромиш қарор мегиранд ва ниҳолҳо дар ин ҳолат шинонида мешаванд. Чунин изҳор намуд доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров ба мухбири АМИТ «Ховар» вобаста ба мавсими нави ниҳолшинонӣ.

Доктори илмҳои кишоварзӣ изҳор дошт, ки «тағийрёбии иқлим ба маъракаи ниҳолнишонӣ низ таъсир расонидааст. Агар моҳи октябри соли 2021 ҳарорати ҳаво то 22 дараҷа гарм мешуд, имсол дар ин моҳ дар мамлакат ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад. Аз ин ҷост, ки моҳи дуюми тирамоҳ ба охир расида истодаасту ҳанӯз ҳам барги аксари дарахтон сабзанд. Агар ҳарорати ҳаво то охири моҳи ноябр паст гардад, барги дарахтон хазон шуда, ниҳолон дар ҳолати оромиш қарор мегиранд. Дар ин давра маъракаи ниҳолшинониро бояд оғоз намуд. Ниҳолҳоро дар ҳолати оромӣ қарор доштанашон мешинонанд».

Ба гуфти коршинос, беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда ин охири моҳи ноябр ва моҳҳои декабру январ мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, он барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад. Охири моҳи ноябр барои шинонидани дарахтони мевадиҳанда созгор мебошад. Аммо барои ниҳолҳои ороишӣ ва ҳамесабз моҳи декабр беҳтарин вақт мебошад. Дар охири моҳи ноябр дарахтони ороишӣ ва сояафкане, ки дар қуттиҳои махсус парвариш ёфтаанд, шинонида мешаванд.

«Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад. Қоидаҳои асосие, ки бояд ҳангоми шинонидани ниҳол риоя карда шаванд, интихоби дурусти навъҳои ниҳол, замин ва нуриҳои минералӣ мебошанд. Инчунин ҳар ниҳол ба минтақаи махсус хос аст, аз ин рӯ минтақаро низ хуб ба назар гирифтан зарур аст. Қоидаи асосӣ- ин кандани чуқурчаҳо барои ниҳол мебошад, ки чуқурӣ ва паҳноии он бояд ба на камтар аз 50-60 саниметр канда шавад. Дар ҳолати кандани чуқурӣ бояд хокро ба се қисм ҷудо намуд-болоӣ, миёна ва охирин ва баъди ниҳолро гузоштан баръакси онро иҷро мекунем. Яъне, аввал хоки қисми боло, сипас хоки миёна ва дар охир хоки қисми поёнро мегузорем. Инчунин ба хоки қисмати боло бояд 50-60 грам нуриҳои минералӣ ҳамроҳ намоем, ки барои инкишофи ниҳол муфид мебошад», — тавсия дод Ҳикматулло Назиров.

Ба таъкиди ӯ, «баландии ниҳол на камтар аз 1,20 ё 1,30 сантиметр, ғафсии танаи он 2-3 сантиметр буда, решаи он бояд се пойчаи реша ва решачаҳои ҷаббанда дошта бошад. Инро набояд фаромӯш сохт, ки пеш аз шинонидан, ниҳолро 8 соат дар ширахок нигоҳ доштан лозим аст. Ширахокро мо аз порӯи ҳайвонот, нуриҳои минералӣ ва обу хок омода мекунем. Аҳамияти ширахок он аст, ки системаи реша ва вуҷуди онро бо об таъмин месозанд ва ниҳол тамоми ин ғизоро ба худ ҷаббида, гирифта, баъд аз шинонидани он зуд мутобиқ мегардад».

Барои шинонидани ниҳол вақти муайянро интихоб кардан низ нақши муҳим мебозад. Масалан, дар баҳор шинонидани ниҳол хело қулай аст, чун боғбон ҳам рафти афзоиши ниҳолро назорат мекунад ва ҳам эҳтимоли сармохӯрии ниҳол дар ин мавсим хеле паст аст.

Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки барои нашъунамои хуби ниҳол ба он поруҳои маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ додан мумкин аст. Яке аз роҳҳои дигари ҳосили хуб гирифтан ин аст, ки моҳҳои декабр ва январ бояд ба боғ яхоб монда шавад. Зеро ин амал, бино ба ақидаи коршиносон, ниҳолро карахт нигоҳ медорад ва аз сардиҳои аввали баҳор муҳофизат мекунад. Инчунин ба нарм намудани зери ҳар бех ниҳол бояд аҳамият дода шавад, то ки ҳангоми иҷрои ин амал ба решаҳои он зарар нарасад.

Ниҳоят зарур аст, ки боғпарварон қабл аз бунёди боғ бояд қитъа, намуд, вазъи дарахтон ва таркиби химиявии хокро муайян кунанд. Дар вақти бунёди боғ таъсири манфии иқлимро ба ҳисоб гирифта, дар талу теппа ва баландиҳои гуногун ҷойгир намудани навъҳои ба хунукии зимистон тобовар бояд ба назар гирифта шавад. Инчунин ба навъҳое бояд диққат дод, ки тобоварии табиии зиёд дошта бошанд. Самти ҷойгиршавии қатори дарахтони тавсияшавандаи бунёди боғ – шимолу ҷануб мебошад, ки ин усул баҳри бо рӯшноии хуб таъмин шудани дарахт мусоидат менамояд.

Олимони соҳаи кишоварзӣ таъкид менамоянд, ки ҳар ниҳоли дарахти ороишию сояафкан ва мевадиҳанда ва гулу буттагиҳое, ки дар минтақаҳои гуногуни мамлакат шинонида мешаванд, бояд ба шароити табиӣ, иқлим ва мавқеи ҷуғрофии ҳамон минтақа мутобиқ бошад. Масалан, ниҳоли дарахтон ё гулу буттагиҳое мавҷуданд, ки хушкию гармӣ –Офтобро дӯст медоранд ва баръакс, баъзе ниҳоли дарахтон дар иқлими нарму муътадил, намнокии зиёд ва сардӣ хуб нашъунамо менамоянд. Инчунин барои нашъунамои хуби ниҳоли дарахтон аз моддаҳои органикӣ, ки хеле самарабахшанд, бояд оқилона истифода намуд. Ҳамзамон истифодаи усули обмонии қатравӣ беҳтарин усул ва ба манфиат аст, зеро он то 60 фоизи талаботи ниҳолро бо об таъмин менамояд.

Парвариши хуби ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ба мавқеи ҷуғрофии ҳар як минтақа вобаста аст. Масалан дар вилояти Хатлон дарахтони мевадиҳандаи донакдор, зардолу, шафтолу, олу, гелос, бодом, хурмо, анор, писта, дар минтақаҳои кӯҳистони водии Рашт, ноҳияҳои Ховалинг, Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод парвариши дарахтони мевадиҳандаи тухмакдор, ба мисли себ, нок, дар шароити табиии вилояти Суғд, ки бориш начандон зиёд аст, парвариши дарахтони донакдор, ба мисли зардолу, шафтолу, олу, олуболу афзалият дорад. Дар ноҳияҳои водии Зарафшон- Айнӣ, Панҷакент, Мастчоҳи Кӯҳӣ ва инчунин Шаҳристон ниҳоли дарахтони тухмакдор- себ, нок, дар Дарвоз меваҳои субтропикӣ, ба мисли анҷир, анор, дар Ванҷ –себ, нок ва дар Рӯшону Шуғнон зардолу, чормағз ва тут хеле хуб парвариш меёбанд.

Дар бештари ҳолат аз як маҳал ба маҳали дигар интиқол додан ва муваққатан нигоҳ доштани ниҳол яке аз сабабҳои сабзиши паст ва ё суст афзоиш кардани он пас аз шинондан дар замин мебошад.

Дар робита ба ин ҳамсуҳбати мо афзуд, ки «дар вақти интиқол додан решаи шамолхӯрда қисми зиёди оби баданашро гум мекунад ва аксарияти мӯякрешаҳо хушк мешаванд. Дар 1 милиметр 2 реша ва то 300 мӯякреша мавҷуд аст ва дар ҳолати нигоҳ доштани намӣ онҳо то 10 рӯз қобилияти ҷаббиши худро нигоҳ медоранд. Ҳангоми интиқоли ниҳолҳо решаи онҳо бояд ба матоъҳои гуногун печонида, маҳкам карда шаванд. Агар дар нақлиёти болояш кушода бошад, бояд болои он бо пардаи полиэтиленӣ ё брезентӣ пурра маҳкам карда шавад, то ки ба ниҳолҳо шамол таъсир накунад.

Вақте ниҳолҳоро ба ҷои даркорӣ расонидед, бояд дер накарда, дар замин қабат-қабат, як дона як дона гузошта, то гарданаки реша зери хоки нарми намнок намоед. Ба намнокии хок нигоҳ накарда, ба миқдори зарурӣ ба қисми зери хокбудаи решаҳо об пошидан манфиатнок мебошад. Бо пайдо шудани намнокии муносиб ниҳолҳо метавонанд норасоии оби танаашонро барқарор кунанд. Дар мавриди бо қабати ғафс ё бандча – бандча зери хок кардан байни ниҳолҳо ковок монда, ҳавои зиёд медарояд, ки боиси пайдоиши мағор, пӯсиш ва хушкшавии реша мегардад. Агар ҳангоми интиқол додан ниҳолҳо бо сабабҳои гуногун (дер дар ҳавои кушод гузоштан, шамол хӯрдан ва ғайра) оби танаашонро гум намоянд, ҳатман решаашонро на кам аз 2 рӯз дар оби равон ё ҳавзи обаш тоза нигоҳ доред, то тарангии пӯсти худро барқарор намоянд».

Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ шуда истодааст. Барнома бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст.

Таҳияи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» яке аз иқдоми муҳими мамлакат дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим арзёбӣ мегардад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 28, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон таҳияи Стратегияи рушди дарозмуддат бо сатҳи пасти партовҳои камкарбон оғоз мешавад
Байни «Сомон Эйр» ва ширкати чинии «Shanghai Haizhu Engineering & Design Group» Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид
КОНСТИТУТСИЯ — КАФИЛИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН. Мулоҳизаҳои Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар ин мавзуъ
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 90 ҳазор сайёҳон шаҳри бостонии Кӯлобро тамошо намуданд
Масъалаи баланд бардоштани самаранокии раванди татбиқи лоиҳаҳо дар Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид
«TEIECOM AWARDS TAJIKISTAN – 2025». Барои баҳодиҳӣ ба фаъолияти операторони алоқаи барқӣ озмун гузаронида мешавад
Дар Арабистони Саудӣ татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои энергетика ва рушди деҳот дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ба барномаҳои таълимии 10 донишгоҳи Тоҷикистон ихтисоси «зеҳни сунъӣ» ворид карда шуд, — бардошт аз Конфронси байналмилалӣ
Дар ноҳияи Спитамен маъракаи пахтачинӣ идома дорад
Форуми байналмилалии Тоҷикистону Эрон таҳти унвони «Пули эътимод ва рушд» баргузор шуд
Дар Ҷидда лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд баррасӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНАҲОИ МАКТАБӢ. Онҳо дар китобхон шудани хонандагон нақши асосӣ доранд