Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз шуд

Октябрь 22, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки  дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи илм, татбиқи сиёсати илмӣ-техникӣ, таҳкими заминаҳои илмомӯзӣ ва тарбияи насли нави муҳаққиқону навовари миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Маҳз дар партави ин сиёсати созанда ва бо мақсади боло бурдани нақши илму дониш дар рушди ҷомеа Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ба роҳ монда шуд.

Ҳадафи асосии он аз ҳавасманд гардонидани ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ, таҳкими тафаккури таҳлилӣ, рушди қобилияти илмии насли наврас ва татбиқи донишҳои илмӣ дар амалия иборат мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки баъди ҷамъбасти даври сеюм 667 довталаб, аз ҷумла 227 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 216 хонандаи муассисаҳои таълимии шакли нав, 183 донишҷӯ ва 41 намояндаи касбу кори гуногун ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Дастур дода шуд, ки фаъолияти комиссияи аппелятсионӣ пурра таъмин гардад, то дар ҳолати пайдо шудани савол ё эътироз аз ҷониби иштирокчиён баррасии масъалаҳо дар муҳити одилонаю тибқи Низомнома амалӣ карда шавад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 22, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид