«Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии футзал сазовори ҷойи сеюм гардид

Октябрь 5, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 05.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи «Динамо»-и шаҳри Волгогради Федератсияи Русия маросими ҷоизасупории анҷоми марҳилаи V «Бозии байналмилалии футзали сохторҳои қудратӣ» баргузор гардид, ки дар он Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа 23 дастаи намояндагони сохторҳои қудратӣ аз тамоми минтақаҳои Русия, инчунин дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Қирғизистон, Беларус ва Сербия иштирок намуданд.

Дар «Бозии байналмилалии футзали сохторҳои қудратӣ» 230 варзишгар иштирок намуд. Мусобиқа байни мардони то 40-сола ва аз 40-сола боло гузаронида шуд.

Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи мусобиқаи аз 40 сола боло сазовори ҷойи сеюм гардид.

Ғолибон ва беҳтаринҳо бо ҷоиза ва Ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 5, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд