Доир ба омодагӣ ба нишасти сарони давлатҳои ИДМ ҷаласа баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 08.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе зери раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи мувофиқасозӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба нишасти дарпешистодаи сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Иттиҳод баррасӣ карда шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Намояндагони баландпояи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил асноди ниҳоии нишасти дарпешистода дар сатҳи олӣ ва вазиронро баррасӣ ва мувофиқа намуданд.
Иштирокдорон ҳамчунин вобаста ба ҷанбаҳои тадорукотию протоколии ҷаласаи Шурои сарони кишварҳо ва ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табодули афкор намуданд.
Ёдовар мешавем, ки 9-10 октябр дар шаҳри Душанбе ду ҳамоиши бузурги байналмилалӣ — Саммити «Осиёи Марказӣ — Русия» ва ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»













Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






