«ДУШАНБЕ ИНВЕСТ-2025». Дар доираи ин форум тақрибан 40 шартномаи сармоягузорӣ ба имзо мерасад

Октябрь 14, 2025 12:40

ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025», ки беш аз 1200 иштирокчиро ҷамъ овардааст, ки зимнан фазои гарму пуртаваҷҷуҳи кору тиҷорат эҳсос мегардад», — чунин иброз дошт дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест» Дилшод Ҷӯразода.

Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, ҳадафи муҳими ин форум ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мебошад. «Дар нимсолаи охир мо бо ҳамкорон таҳти роҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории форум омодагии ҷиддӣ дидем. Хушҳолам, ки ҳама чиз тибқи нақша пеш меравад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аз кишварҳои ҳамсоя ва дур ба имконоти сармоягузории Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад»,-изҳор дошт Дилшод Ҷӯразода.

Ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаи нави ҷалби сармоягузорӣ мегардад. Тоҷикистон рушди устувори иқтисодиро бо суръати тақрибан 7,5 фоизи Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар як сол нишон медиҳад, ки ин омил мамлакатро шарики боэътимод ва ояндадор барои ҳамкории дарозмуддат мегардонад.

«Бояд гуфт, ки сармоягузорон суботу устувориро дар ду самт — ҳам сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ хеле қадр менамоянд. Бо шарофати сиёсати оқилонаи роҳбарияти мамлакат дар Тоҷикистон маҳз чунин заминаи боэътимод таъмин карда шудааст. Ҳоло вазифаи асосии мо рушди босуръати иқтисод ва фароҳам овардани имконияти нав барои соҳибкорон мебошад. Интизор меравад, ки дар доираи форум тақрибан 40 шартномаи сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расад, ки маблағгузориҳои калонро дар бар мегиранд. Боварӣ дорам, ки натиҷаҳои форум сатҳи баланди эътимод ба Тоҷикистон ва имконоти сармоягузории онро боз ҳам тақвият мебахшанд», — баён дошт Дилшод Ҷӯразода.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2025 12:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд