Эмомалӣ Раҳмон: «Дар даҳ соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисоди миллии мамлакати мо дар сатҳи 7,6 фоиз таъмин гардид»
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистони муосир дорои иқтисодиёти босуръат тараққиёбанда, рушди боэътимоди муносибатҳои байналмилалӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ мебошад. Дар даҳ соли охир суръати миёнасолонаи рушди иқтисоди миллии мамлакати мо дар сатҳи 7,6 фоиз таъмин гардид. Чунин изҳор намуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025».
Пешвои миллат баён доштанд, ки «солҳои охир мо ислоҳоти фарогирро, ки ба таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ нигаронида шудаанд, амалӣ намудем».
Ба иттилои Сарвари давлат, танҳо соли 2024 ба иқтисоди миллӣ ба маблағи зиёда аз 5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ва 2,5 миллиард доллар сармояи ватанӣ ворид гардид. Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 5 миллиард доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки иқтидори бузурги гидроэнергетикие, ки аз рӯи ҳаҷм дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол мекунад ва барои энергияи «сабз» имконияти азим мекушояд, инчунин захираҳои ғании маъдан ва сарватҳои муҳимми стратегӣ, аз ҷумла тилло, нуқра, мис, литий, сурма, руҳ ва волфрам, ки талабот ба онҳо барои «гузариши сабз» зиёд аст, аз ҷумлаи афзалияти мамлакати мо маҳсуб мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






