Феҳристи муштараки шоҳкориҳо ва бозёфтҳои нодири осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ нашр мегардад
ДУШАНБЕ, 17.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик феҳристи муштараки шоҳкориҳо ва бозёфтҳои нодири осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ нашр мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Ин масъала зимни мулоқоти маҷозии директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо роҳбарони осорхонаҳои миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.
Иштирокдорони мулоқот аҳамияти нашри феҳристи муштараки шоҳкориҳо ва бозёфтҳои нодири осорхонаҳои миллии Осиёи Марказиро барои тарғиби мероси фарҳангии минтақа, таҳкими робитаҳои илмӣ ва касбӣ байни осорхонаҳо ва ҳамчунин муаррифии нигораҳои нодир дар сатҳи байналмилалӣ таъкид намуданд.
Дар доираи муҳокимаҳо масоили марбут ба консепсияи феҳрист ва паҳнсозии он, ташкили аксбардории нигораҳо ва талабот ба сифати расмҳо, раванд, интихоби макон ва забони нашр, инчунин марҳилаҳо ва муҳлатҳои татбиқи он баррасӣ гардиданд.
Ҷонибҳо бо изҳори омодагӣ барои ҳамкории фаъолона оид ба таъсиси гурӯҳи корӣ, ки намояндагони ҳама осорхонаҳои манфиатдорро дар бар мегирад, ба мувофиқа расиданд.
Дар анҷом роҳбарони осорхонаҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳифз ва тарғиби мероси муштараки фарҳангии минтақаро таъкид намуда, изҳори боварӣ карданд, ки нашри феҳрист ба ташаккули минбаъдаи ҳамкории байниосорхонавӣ такони ҷиддӣ мебахшад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад






