ИМРӮЗ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» дар шакли муосир хизмат мерасонад

ДУШАНБЕ, 09.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1969 инҷониб ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии почта ид карда мешавад. Ин рӯз ба хотири таъсиси Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта муқаррар гардидааст. Ҳоло ин иттиҳод 192 кишвари ҷаҳонро муттаҳид мекунад. Аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 аъзои Иттиҳоди умумиҷаҳонии почта мебошад.
Тибқи сарчашмаҳои иттилоотӣ, дар Тоҷикистон нахустин нуқтаи хизматрасонии почта соли 1865 дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ гардида буд. Соли 1866 шоҳроҳи почтавии Хуҷанд – Тошканд ба фаъолият оғоз намуд ва баъдан то Самарқанд идома ёфт. Дар замони Аморати Бухорои Шарқӣ муросилоти шахсӣ асосан тавассути корвонҳои тиҷоратӣ анҷом дода мешуд. Амрҳо ва супоришҳои давлатӣ тавассути нӯкарону шогирдон расонида мешуданд.
Соли 1924 дар Душанбе нахустин шуъбаи алоқаи статсионарӣ ифтитоҳ гардида, танҳо дар ин сол 30 ҳазор мактуб қабул ва фиристода шуд. Соли 1929 почта 46 идора ва 150 қуттӣ дошт, ки 34 хаткаши савора дар деҳотҷойҳо ба мардум хизмат мерасониданд. Бо мурури замон соли 1935 дар шаҳри Душанбе бинои марказии алоқа сохта шуд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ин почта хеле фаъол буд ва танҳо соли 1943 барои ҷанговарон 10 ҳазор баста бо туҳфаҳои солинавӣ қабул ва ирсол карда шуданд.
Фаъолияти муосири «Почтаи тоҷик»
Ҳамин тариқ, пас аз пароканда гардидани собиқ Иттиҳоди Шуравӣ фаъолияти почта коҳиш ёфт. Барои ташаккул додани почтаи худӣ давлати мустақили Тоҷикистон тадбирҳо андешид.
Дар натиҷа соли 1996 барои расман мустақил шудан соҳаи почтаи Тоҷикистон аз нав ташкил карда шуд ва Департаменти давлатии «Почтаи Тоҷикистон» таъсис ёфт. Соли 1997 баъди якҷо шудани ду вазорат – алоқа ва нақлиёт ин департамент ба Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» табдил дода шуд, ки то имрӯз дар соҳаи алоқа фаъолият менамояд.
Инчунин дар Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Алоқаи махсус» дар самти қабул ва дастрас кардани муросилоти махсус саҳми назаррас дошт. Ин корхона бо аксар вазорату идораҳои давлатӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, муросилоти қабулшударо сари вақту бе осеб ва дар муҳлати муайянгардида дастрас мекард.
Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази марка»-и Тоҷикистон маркаҳои почтавии худро нашр мекард. Яъне ин корхона ба ҳайси сохтори масъули истеҳсоли маркаҳои почтавии Тоҷикистон фаъолият намуда, бо маркаҳояш дар муаррифии таъриху фарҳанги миллӣ ва табиати мамлакат саҳми арзанда мегузошт. Аз ҷониби «Маркази марка» то 1 октябри соли 2001 дар мамлакат 192 маркаи почтавӣ, 12 блок ва 12 варақаи туҳфавӣ ба нашр расонида шудааст. Корхона аз рӯзи таъсис то имрӯз беш аз 300 намуди марка, 24 блок ва 11 варақаи туҳфавӣ ба муомилот баровардааст.
25 сентябри соли 2025 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳо ва муассисаҳои низоми Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик», «Алоқаи махсус» ва «Маркази марка» муттаҳид карда шуда, дар натиҷа Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Таъсиси ин корхона дар асоси таҷдиди сохторӣ бо мақсади рушди ҳамоҳангу самараноки бахши муросилоти мамлакат амалӣ гардид. Ин иқдом имконият медиҳад, ки хизматрасонии почтавӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат бо сифат ва суръати баланд ба марҳилаи нав ворид гардад.
Ба иттилои директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» Сайдалӣ Мирзозода, дар айни замон дар ҳайати корхона 4 муассисаи вилоятӣ, 60 маркази алоқаи почтаи шаҳрию ноҳиявӣ ва 470 шуъбаи алоқаи шаҳрию деҳотӣ фаъолият доранд.
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» муросилоти почта ҳафтае 5 маротиба баробари чопи нашрияҳои давлатӣ ба манотиқи ҷумҳурӣ бурда, расонида мешаванд.
Танҳо дар нуҳ моҳи соли равон ба мизоҷон 27 миллиону 167 ҳазору 952 рӯзномаю маҷаллаҳо дастрас карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 14 миллиону 442 ҳазору 610 адад зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ қабули ирсолпулиҳои дохили ҷумҳурӣ 5033 адад буда, маблағи он 212 ҳазору 055 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2024 4999 сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 29 адад ирсолпулӣ ворид карда шуд, ки маблағи он 1609 сомониро ташкил дод.
Густариши ҳамкории дохилӣ ва байналмилалӣ
«Бо мақсади зиёд кардани даромад ва дастрасии хизматрасонии почта соли равон бо 11 ширкати тиҷоратӣ вохӯрӣ баргузор намудем, ки дар натиҷа бо ду ширкат- «Finarsenal SRL» барои фиристодани муросилоти почтавӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва «Азия экспресс» барои ирсоли якҷояи почта ба Русия ҳамкорӣ оғоз ёфт. Ҳамчунин бо ширкати «Lak Lak» низ ҳамкории муштарак ба роҳ монда шудааст. Ин тадбирҳо ба васеъ намудани шабакаи хизматрасонӣ ва тақвияти фаъолияти почта дар самти байналмилалӣ равона карда шудаанд»,- афзуд директори Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» Сайдалӣ Мирзозода.
«Почтаи Тоҷикистон» бо мақсади густариш додани тиҷорати электронӣ бо ширкатҳои дохилӣ, аз ҷумла бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дастрас Тоҷикистон» (Лак-лак), Ҷамъияти саҳомии «Почтаи Гурҷистон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мавсими Расон», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дунё», Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Занҷираи осиёгии таҳвил» ва Ширкати чинии «Флайт экспресс» ҳамкорӣ ба роҳ мондааст, ки ба рушди муросилоти почтавӣ мусоидат менамояд.
«Почтаи Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо ширкати муросилотии «Мавсими Расон» имкониятро барои расонидани дастовез ё муросилоти мизоҷ дар саросари мамлакат беҳтар намуд. Ширкат ҳоло дар ҷумҳурӣ 470 нуқтаи қабул дорад. Дар баробари баста (посилка) мизоҷ метавонад ба наздикону пайвандон маҳсулоти хӯрокворӣ, пӯшиданӣ, лавозимот, техника, туҳфаҳо ва тамоми борҳоро аз интернет-мағозаҳо гирифта, равон кунад. Бурда расонидани бори мизоҷ кафолат дода мешавад.
«Ҳадафи асосии «Почтаи Тоҷикистон» осон ва мувофиқ намудани боррасонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ва берун аз он аст. Аз ин рӯ шартнома бастан байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо ба ҳисоб меравад», — иброз дошт Сайдалӣ Мирзозода.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ташкили низоми муштараки қабулу фиристодани фармоишҳо, насби ҷевонҳои ҳушманд (постаматҳо) ва рушди инфрасохтори савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни «Почтаи Тоҷикистон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Автоэътимод» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
«Дар марҳилаи аввал бандҳои шартнома дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Турсунзода, Исфара ва Рӯдакӣ амалӣ мегарданд. Ин шартнома имкон медиҳад, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Автоэътимод» ба таври мустақил раванди молрасониро ба фармоишгарон иҷро намояд, субагентҳоро ба кор ҷалб кунад, шумораи зарурии кормандону мутахассисонро ба кор қабул намояд ва лавҳаю ҷевонҳоро баъд аз мувофиқа дар нуқтаҳои хизматрасонии муайяннамудаи «Почтаи Тоҷикистон» ҷойгир намояд»,-иброз дошт директори корхона.
Бояд гуфт, ки хизматрасонии почтавӣ муҳимтарин воситаи паҳн кардани иттилоот аз қадимулайём то замони муосир ба ҳисоб рафта, тамоми ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро мегирад. Он нахустин воситаи муомилот байни одамон ба ҳисоб меравад. Хизматрасонии почтавӣ аз таърихи пайдоиш шоҳиди ҳаводису воқеаҳои гуногун, шаклҳои гуногуни давлатдорӣ гардида, дар ҳеҷ давру замон моҳият ва вазифаи худро гум накардааст.
Бо фароҳам гардидани имконият имрӯз «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияти худро дар шакли муосир ба роҳ мондааст. Ҳоло корхона ба тамоми ҷумҳурӣ ва 192 давлати дунё ба таври фаврӣ ва боэътимод хизмати гуногуни муросилотӣ мерасонад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»