Имсол беш аз 30 ҳазор сайёҳон бо мавзеъҳои таърихии ноҳияи Восеъ шинос гардиданд

Октябрь 22, 2025 15:19

ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон ба ноҳияи Восеъ 30 ҳазору 110 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ ворид гардиданд, ки аз ин шумора 3743 нафар сайёҳони хориҷӣ мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоб хабар доданд.

Ба маълумоти ин шуъба, аксари сайёҳон дар ноҳияи Восеъ бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» шинос гардида, оид ба он маълумоти таърихӣ ба даст меоранд. Сайёҳон инчунин ба мавзеи таърихию фароғатии «Ҳавзи Қайнар» бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

«Ҳулбук» – ганҷинаи нодири тамаддуни тоҷикон

Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» дар ноҳияи Восеъ дар шафати роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб қарор дошта, 16 гектарро дар бар мегирад. Девори ҳимоявии қаср 2 метр паҳноӣ ва то 13 метр баландӣ дорад. Ҳудуди қаср 2 гектарро фарогир аст. Манораҳои қалъа то 25 метр баландӣ доранд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хуталони қадим — шаҳри Ҳулбук аз нав эҳё гардид.

Шаҳри Ҳулбук яке аз марказҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ ва тиҷоратии замони давлати Сомониён буда, дар таърихи давлатдории халқи тоҷик мақоми хос дорад. Дар ин хусус меъмории бошукуҳ ва бозёфтҳои нодири бостонии он баръало шаҳодат медиҳанд.

Маҳз ба хотири бузургдошт ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маданияти қадими шаҳрсозии ниёгон Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» бо осорхона дар пойгоҳи шаҳри Ҳулбук таъсис дода шудааст.

Осорхона ва «Қалъаи Ҳулбук» ҳамчун муассисаи фарҳангӣ ва ёдгории нодири таърихӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро бештар ҷалб менамоянд.

Ҳама тасвирҳои анҷомдода табиӣ буда, бо иловаи истеъдоди ҳунармандони хатлонӣ зебоии нотакрорро таҷассум менамоянд. Маҳз ҳамин хусусият боис шудааст, ки ҳамасола теъдоди меҳмонону сайёҳони ватанию хориҷӣ ба ин гӯшаи Тоҷикистон зиёд мешавад.

Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2002 дар асоси димнаи Ҳулбук-пойтахти асримиёнагии Хатлонзамин таъсис дода шуд. Он дар соҳаи ҳифзу омӯзиш ва истифодаи мероси фарҳангии ниёгон дастоварди муҳим маҳсуб мешавад.

Дар назди ин ёдгории таърихӣ мағозаи «Армуғон» кушода шудааст. Мағоза бо мақсади бештар ҷалб намудани диққати сайёҳон ва такон бахшидан ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ташкил гардидааст. Сайёҳ имкон дорад, ки ҳамчун армуғон аз «Ҳулбук» туҳфае бо худ барад. Ҳамзамон гурӯҳи занони гулдаст дар ин ҷо ба ҳунармандӣ ҷалб гардидаанд. Онҳо намунаҳои гуногуни нақшдӯзӣ, чакандӯзӣ, порадӯзӣ ва дигар намуди сӯзаниҳоро пешкаши сайёҳон менамоянд. Ҳунармандони атрофи ин мавзеъ низ имконият доранд маҳсули меҳнаташонро ба мағоза пешниҳод намоянд.

Ёдовар мешавем, ки шаҳри Ҳулбук мероси фарҳанги моддӣ ва маънавии на танҳо халқи тоҷик, балки ҷаҳон ба шумор меравад. Маҳз ҳамин сифатҳои волои шаҳри Ҳулбук буд, ки он моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан-пойтахти фарҳангии давлати Чин дар қатори 8 ёдгории беназири халқи тоҷик ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешими ЮНЕСКО ворид гардид.

Соли 2016 Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук» ҷоизаи «Global rating nomination»-и ЮНЕСКО-Идораи фарҳангии Созмони Милали Муттаҳидро соҳиб гардид.

«Ҳавзи Қайнар» — макони таърихӣ

Мавзеи таърихии фароғатии «Ҳавзи Қайнар» дар Ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ ҷойгир буда, бо манзараи зебо, кӯли зебои пур аз оби мусаффо, дарахтони сарсабзу хуррам ва гулҳои рангоранги зебо диққати сайёҳони дохилию хориҷиро бештар ҷалб менамояд.

Ин мавзеи таърихӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони маҳаллӣ пурра навсозӣ гардида, 4 октябри соли 2021 бо иштироки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло ин мавзеъ ҷойи тамошобоби сокинону сайёҳон гардидааст.

Бояд ёдовар шуд, ки мардуми ин деҳа ривоёти зиёдеро оид ба пайдоиш ва муъҷизаҳои он қисса мекунанд. Гӯё дар дохили кӯл аспи азимҷуссае, ки дар зебоӣ назир надорад, мавҷуд будааст. Ҳоло дар шафати кӯл мақбара ҷойгир мебошад, ки ба асрҳои ду ва яки пеш аз мелод тааллуқ дорад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, маркази ҳокимони Хатлон дар давраи тоисломӣ ҳудуди имрӯзаи Қайнар будааст. Онро Сардиж (шакли имрӯзааш «Сартез») унвон карда будаанд.

Яке аз сабабҳои дигари Қайнар ном гирифтани кӯлро сокинон ба фаввора зада баромадани чашмаҳои дохили он, ки аз қаъри замин мебароянд, рабт медиҳанд.

Тавре дида мешавад, кӯл аз ҳисоби чашмаҳои дохилаш пур аз оби соф мебошад. Сокинони деҳа ин маконро ҷойи таърихӣ шуморида, шомгоҳон дар ин мавзеъ бо аҳли хонавода сайру гашт намуда, истироҳат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Восеъ 60 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 3 мавзеи сайёҳӣ, 2 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 4 осорхона, 1 ширкати сайёҳӣ, 1 зиёратгоҳ, 5 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва 7 меҳмонхона барои сайёҳону меҳмонон фаъолият менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2025 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об дар ҷаласаи Конфронси исломии вазирони масъул оид ба масъалаҳои об дар Ҷидда баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд
Ширкати чинӣ ба бунёди неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуд
Лоиҳаи «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Душанбе барои солҳои 2026–2030» муаррифӣ карда шуд
Имконияти содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия баррасӣ гардид
Хадамоти обуҳавошиносии Тоҷикистон ва Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё иштирок намуд
Дар Конгресси ҷаҳонии обуҳавошиносӣ татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Огоҳкуниҳои бармаҳал барои ҳама» баррасӣ гардид
Дар шаҳри Хоруғ 13 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар нуҳ моҳ беш аз 1,5 миллион сайёҳ мавзеъҳои ҷолиби Тоҷикистонро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор хоҷагии деҳқониро занон роҳбарӣ менамоянд
Кишоварзони вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварии пахтаро 90 фоиз иҷро намуданд