ИНФРАСОХТОРИ «САБЗ» ВА ЭНЕРГИЯИ «ТОЗА». Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» чорабинии канорӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Инфрасохтори сабз ва энергияи тоза» — таҳти чунин унвон имрӯз дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» чорабинии канорӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар кори он Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа иштирок ва сухан намуд. Дар чорабинии канорӣ намояндагони шарикони рушд, сармоягузорон ва коршиносон иштирок намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Тоҷикистон бо назардошти иқтидори гидроэнергетикии худ, ки дар як сол 527 миллиард кВт-соат неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза ва аз назари иқтисодӣ арзонро ташкил медиҳад, ба масоили таъмини истиқлоли энергетикӣ ва рушди ин соҳа аҳамияти хос медиҳад.
«Неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар минтақа буда, то имрӯз дар таъмини неруи барқ саҳми назаррас дорад. Ду агрегати ба истифода додаи он то ҳол қариб 10 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намудааст. Баъди пурра ба итмом расидани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо иқтидори умумии 3780 МВт дар баробари таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон он инчунин дар таъмини кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон ва Покистон) бо энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза нақши муҳим мегузорад», — иброз намуд Далер Ҷумъа.
Дар Тоҷикистон дар як сол то 300 рӯзи офтобӣ аст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, иқтидори энергетикии Тоҷикистон танҳо дар қисмати шимолӣ аз ҳисоби энергияи Офтоб зиёда аз 4 600 МВт ва энергияи бод 580 МВт арзёбӣ гардида, ба ҳолати имрӯза ин иқтидор ҳанӯз истифода нашудааст.
Дар чорабинии канорӣ мавзуъҳои бозори энергетикӣ дар Тоҷикистон ва раванди ташаккули он, ҷалби бахши хусусӣ ба соҳаи энергетика бо таваҷҷуҳ ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили гидроэнергетика, Офтоб ва бод, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо усулҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд






