ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Хоҷагии деҳқонии «Меҳнатобод» 3 тонна қаланфури булғорӣ ба фурӯш баровард

Октябрь 26, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 26.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар хоҷагии деҳқонии «Меҳнатобод»-и деҳаи Сӯфиёни деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент дар беш аз 74 гектар кишти такрорӣ гузаронида шуд. Саҳмдорони ин хоҷагӣ аз ҳосили имсола қариб се тонна қаланфури булғориро ба бозорҳои мамлакат ба фурӯш бароварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Дар айни замон кишоварзони ин хоҷагии деҳқонӣ  ҳосили кишти такрорӣ — сабзӣ ва қаланфури булғориро ҷамъоварӣ доранд.

Ба иттилои саҳмдори хоҷагӣ Кароматулло Ёқубов, онҳо ҳар қитъаи заминро самаранок истифода бурда, бо истифода аз тухмиҳои серҳосил, таҷрибаи ғании деҳқонӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва маданияти баланди кишоварзӣ кӯшиш менамоянд ҳосили хуб ба даст оранд.

Бозори шаҳрро бо ду зироати ғизоӣ – қаланфури булғорӣ ва сабзӣ асосан деҳқонони хоҷагии «Меҳнатобод» таъмин мекунанд. Соҳибкорони дигар минтақаҳои мамлакат ҳосили кишти аъзои ин хоҷагиро бевосита аз сари замин харидорӣ менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент дар маҷмуъ дар беш аз 2600 гектар кишти такрорӣ гузарониданд. Дар айни замон ҷамъоварии ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ  идома дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Октябрь 26, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд