КИТОБ-МУАРРИФИ ДАСТОВАРДҲОИ АДИБОН. Бардошт аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»

ДУШАНБЕ, 20.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Китоб рамзи дониш, маърифат ва воситаи робитаи фарҳангии миллатҳо мебошад. Таваҷҷуҳ ба китоб нашондиҳандаи сатҳи маданияти миллат буда, намоишгоҳ минбари муҳими муколамаи фарҳангҳо ва муаррифи дастовардҳои адабӣ мебошад. Ин матлабро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон зимни ифтитоҳи Намоиши сенздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» иброз намуд.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфт, ки дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе 15 сол мешавад, ки ин намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун анъанаи устувор, падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими равобити фарҳангӣ бо ноширону нависандагони дохил ва хориҷи мамлакат баргузор карда мешавад.
«Дар ҷаҳони муосир китоб на танҳо рамзи донишу маърифат, балки воситаи муҳими робитаи маънавии фарҳангӣ ва илмии миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Ҳар ҷомеае, ки ба рушди маънавӣ ва зеҳнии инсон таваҷҷуҳ дорад, ба китоб, фарҳанги китоб ва китобдорӣ аҳамияти махсус медиҳад. Намоишгоҳҳои байналмилалии китоб чун яке аз муҳимтарин падидаҳои фарҳангӣ нақши назарас доранд. Намоишгоҳ барои муаррифии дастовардҳои илмию адабӣ, ҳамкории байнифарҳангӣ ва тақвияти ҳамкории ноширон фурсати хуб мебошад. Инчунин ин намоиш муколама байни ноширон ва адибони ҷаҳон низ мебошад», — иброз дошт Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар намоишгоҳ ноширон ва намояндагони фарҳанги ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Мардуми Чин, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Русия китобҳои тозанашрро пешниҳод намуданд.
Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Иброҳим Аҳмад иттилоъ дод, намоиши сенздаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бо мақсади таблиғи китобу китобхонӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва рушду инкишоф додани муносибатҳои фарҳангӣ доир мегардад.
«Ҳамасола моҳи октябр дар Намоиши байналмилалии «Китоби Душанбе» як зумра ноширон ва намояндагони давлатҳои гуногун иштирок намуда, китобҳои тозанашр пешниҳод менамоянд. Имсол низ дар доираи ин намоишгоҳ якчанд маҳфил доир мегардад. Давоми се рӯзе, ки намоишгоҳ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир мешавад, дӯстдорони китоб имкон доранд бо китобҳои тозанашри дохил ва хориҷии мамлакат шинос шуда, онҳоро харидорӣ намоянд», — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Иттилоъ дода шуд, ки 21 октябр маҳфили адибони Тоҷикистону Эрон доир шуда, дар он доир ба масоили табъу нашр ва рушди муносибатҳои фарҳангӣ мубодилаи афкор доир мегардад. Инчунин вохӯрии адибони Тоҷикистону Русия баргузор шуда, дар он адибон жанрҳои адабӣ ва роҳҳои самараноки ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Тавре директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Абдувалӣ Абдураҳмонзода иброз намуд, тоҷикон давоми таърихи дароз миллати китобдӯсту китобхон будаанд. Дар яке аз аввалин давлатдориҳои миллии худ- давлати Сомониён бузургтарин китобхона бо номи «Савон-ул-ҳикмат» доштем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз давомдиҳандаи кору пайкори гузаштагони бохирадамон мебошанд.
«Мақсад аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Душанбе арҷгузорӣ ба ин манбаи дониш-китоб, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва ба ин васила бедор намудани ҳисси баланди масъулияти ватандӯстию хештаншиносӣ ва саҳм гузоштан дар ҳифзи мероси фарҳанги миллӣ мебошад. Ин иқдом аз сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» бори дигар дӯстию муҳаббат ва эҳсоси самимияти ноширону китобдӯстдоронро намоиш дод»,-афзуд Абдувалӣ Абдураҳмонзода.
Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» аз соли 2010 инҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола дар шаҳри Душанбе ҳамчун падидаи муҳими тарғиби китоб ва таҳкими иртиботи фарҳангӣ бо ноширони ватанию хориҷӣ баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» то 22 октябр идома меёбад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»