Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 17.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30-31 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва Ҷашни байналмилалии Наврӯз Рӯзи дарҳои боз баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Рӯзи дарҳои боз бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарғиби китоб, китобхона ва китобхонӣ дар байни ҷомеа гузаронида мешавад. Ҳамчунин ҳадафи он ҷалби ҷомеа, хусусан хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва олӣ ба мутолиаи китоб, даъват ба китобхона ва шинос кардани нафароне, ки маротибаи аввал ба ин боргоҳи маърифат меоянд, бо шароити Китобхонаи миллӣ ва имконоти беҳудуди он аст.
Дар ин рӯз роҳбаладон аъзои китобхона ва меҳмононро бо осорхонаи китобҳои нодир, осорхонаи даврони истиқлол, мусаввараи таърихии «Аз давра ба давра, аз дида ба дида», толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ ва шароити ин толорҳо шинос мекунанд.
Кормандони масъули Китобхонаи миллӣ меҳмононро ба толорҳои хониш роҳнамоӣ карда, ба онҳо тарзи ҷустуҷӯи адабиёт ва дархости китобро нишон медиҳанд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд






