«КИТОБХОНА — КОХИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Кӯлоб ҳамоиши дӯстдорони китоб доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Кӯлоб бо мақсади ҷалб намудани хонандагон ба китобу китобхонӣ таҳти унвони «Китобхона — кохи маърифат» ҳамоиши фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар радифи соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеа дар ҷодаи китобдорӣ низ дастовардҳои наву тоза ба амал омаданд, ки ба рушди минбаъдаи ин самт дар ҷумҳурӣ мусоидат менамоянд.
Тавре директори муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар минтақаи Кӯлоб Ҳайдар Ҳайдарзода иброз намуд, таваҷҷуҳи сокинон ва мактаббачагон ба китобхона нисбат ба солҳои пеш бештар гардида, хонандагон китобҳои зарурии худро сари вақт дастрас менамоянд.
Мардуми тоҷик аз замонҳои қадим китобдору китобхон буданд. Боиси ифтихор аст, ки ҳоло майлу рағбати мардум ба китобу китобхонӣ аз нав эҳё гардидааст. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб» оғоз гардида, ҳафт сол аст, ки идома дорад.
Дар ҳақиқат китоб арзишмандтарин падидаи фарҳангӣ- манбаи асосии илму дониш, фазлу эҳсон, сарчашмаи дарёи ақл, махзани волою пояи тамаддуни ҷаҳони муосир ва воситаи таълиму тарбия мебошад.
Дар ҳамоиш хонандагон доир ба китобҳои мутолианамудаашон маълумот доданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






