Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ҳамкориро тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 13.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр бо мақсади таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва густариши ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон ва Фонди бунёди Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ёддошти ҳамкорӣ аз ҷониби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода, ноиби президенти Гурӯҳи муассисаҳои MERI-и Ҳиндустон профессор Лалит Аггарвал ва директори Фонди бунёди Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ профессор Рамакант Двиведи ба имзо расонида шуд.
Ин санад бо назардошти зарурати мубодилаи таҷриба, таҳкими ҳамкории муассир ва рушди минбаъдаи шарикӣ байни ҷонибҳо таҳия ва ба имзо расида, ҳамкории дуҷонибаро дар самтҳои гуногун ба танзим медарорад.
Ҷонибҳо тибқи Ёддошти ҳамкорӣ, қонунгузории миллӣ ва санадҳои оинномавии худ барои таъсиси механизми устувори ҳамкорӣ ва робитаҳои мунтазами таҳлилию коршиносӣ кӯшишҳои муштарак ба роҳ мемонанд.
Мақсади асосии Ёддошти тафоҳум — муқаррар намудани робитаҳои мустақими илмӣ ва таҳқиқотӣ байни Тарафҳо ва пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.
Зимни имзои Ёддошти тафоҳум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода изҳор дошт, ки ин санад байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон заминаи муҳими таҳкими ҳамкории илмӣ, таҳқиқотӣ ва фарҳангӣ буда, барои густариши робитаҳои мутақобили судманд байни муассисаҳои таҳқиқотии ду давлат имкони мусоид фароҳам меорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






