«МегаФон Тоҷикистон» шарики кулли Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гардид
ДУШАНБЕ, 20.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон яке аз мусобиқаҳои деринтизори варзишии сол – Ҷоми ҷумҳурӣ оид ба футзал оғоз меёбад. Ба ҳайси шарики кулли мусобиқа ширкати «МегаФон Тоҷикистон», ки рушди футбол ва футзалро дар ҷумҳурӣ пайваста дастгирӣ менамояд, баромад мекунад.
Мусобиқаро Лигаи футзали Тоҷикистон бо дастгирии Федератсияи футболи Тоҷикистон ташкил мекунад. Бозиҳо бо иштироки клубҳои пурқувваттарини футзал баргузор мешаванд. Ҷом беҳтарин бозингаронро муттаҳид менамояд, ба тамошобинон эҳсосоти рангин ҳадя намуда, марҳилаи муҳим дар рушди футзал дар мамлакат мегардад.
16 октябр маросими қуръакашии Ҷом бо иштироки дастаҳои Лигаи олӣ баргузор гурдид. Мусобиқа аз даври чорякниҳоӣ оғоз ёфта, бозиҳо дар шакли «хона ва сафар» доир мегарданд. Клубҳои пурқувваттарини ҷумҳурӣ: «Истиқлол» (Душанбе), «Соро Компания» (Душанбе), «Сипар» (Хуҷанд), «Амонатбонк» (Душанбе), «Сомон» (Душанбе) ва КМВА (Душанбе) аз ҷумлаи иштирокчиёни мусобиқа мебошанд.
«Мо аз он шодем, ки шарики кулли Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гардидем. Барои «МегаФон Тоҷикистон» ин на танҳо лоиҳаи варзишӣ, балки саҳмгузорӣ дар оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад. Итминон дорам, ки мусобиқа ба мухлисон таассуроти хотирмон ва ба бозингарон имконияти нишон додани маҳорату истеъдод ва ноилшавӣ ба пирӯзиҳои нав ҳадя менамояд», — иброз дошт директори генералии ширкат Анатолий Изюмников.
«Футзал дар мамлакати мо сол то сол шуҳрат пайдо менамояд. Дастгирии чунин шарики қавӣ, ба мисли «МегаФон Тоҷикистон» имкон медиҳад, ки Ҷоми мазкурро ба сатҳи нав бардорем. Умедворем, ки мусобиқа барои варзишгарон ва мухлисон ба ҷашни ҳақиқӣ табдил ёфта, дар рушди футзали Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад», — иброз дошт директори Лигаи футзали Тоҷикистон Бахтовар Меликов.
Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал рӯйдоди ҷолибу рангини варзишӣ хоҳад гашт, ки варзишгарон, мухлисон ва тамоми дӯстдорони футболро муттаҳид менамояд.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






