Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти роҳбарони ниҳодҳои миллии зиддимухадиротии кишварҳои Аврупо дар Вена иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 29.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр дар шаҳри Венаи Австрия нишасти 16-уми роҳбарони ниҳодҳои миллии зиддимухадиротии кишварҳои Аврупо оғоз гардид, ки дар он директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон Зафар Самад иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.
Дар чаҳорчӯбаи нишаст масъалаҳои вобаста ба вазъи кунунии ҳамкории минтақавӣ ва зерминтақавӣ дар ҳал ва мубориза бо мушкилоти ҷаҳонии маводи мухаддир, ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо парвариш, истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир муҳокима гардиданд.
Инчунин пайравӣ ба тавсияҳое, ки дар вохӯрии понздаҳуми роҳбарони мақомоти миллии муборизабаранда бо маводи мухаддир қабул шудаанд ва пайгирии иҷрои ҳама уҳдадориҳо дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, ки дар Эъломияи соли 2019 оид ба ҳал ва муқовимат бо мушкилоти ҷаҳонии маводи мухаддир инъикос ёфтаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Нишасти роҳбарони ниҳодҳои миллии зиддимухадиротии кишварҳои Аврупо то 31 октябр идома меёбад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд






