Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабон дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ эълон гардид
ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабоне, ки дар даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 иштирок намудаанд, эълон гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вобаста ба ин дар бораи натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон ба телефони мобилии ҳар довталаби дар давраи аз 1 то 4 октябр аз нав номнависшуда паёмак бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади шинос шудан бо натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ довталаби барои иштирок дар ин озмун аз нав номнависшуда бояд аз кабинети инфиродии наваш истифода намояд. Барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ довталаб бояд аз рақами назоратии нав ва рамзи муваққатии кабинет, ки дар варақаи бақайдгирии охиринаш қайд шудааст, истифода намояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






