Оид ба саҳми таърихии мардумони Тоҷикистону Русия дар Ҷанги дуюми ҷаҳон конфронси байналмилалӣ доир шуд

Октябрь 8, 2025 16:39

ДУШАНБЕ, 08.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр дар доираи  баргузории ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «80-солагии Ғалабаи Бузург: саҳми таърихии мардумони Русия ва Тоҷикистон ва дурнамоҳои шарикӣ дар соҳаҳои илм ва маориф» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»  бо истинод ба  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар  медиҳад.

Қабл аз оғози конфронс олимону муҳаққиқони Академияи илмҳои Русия бо намоиши дастовардҳои олимону пажӯҳишгарони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос гардида, ба он баҳои баланд доданд.

Ба меҳмонони ҷониби Русия иттилоъ дода шуд, ки  муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ саҳми назаррас гузошта, дар самтҳои гуногун соҳиби дастовардҳои арзишманд шуданд.

Ин дастовардҳо маҳз бо таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, зеро барои олимону пажӯҳишгарон тамоми шароиту имконияти мусоидро фароҳам овардаанд.

Зимни конфронс Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки соли 2025 дар фазои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Соли сулҳ ва ваҳдат дар мубориза бо фашизм» эълон гардидааст, ки ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон бахшида мешавад.

Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал 27 августи соли 2025 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» қатънома қабул гардид, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар давраи раисияш дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод шуда буд. Ин қатънома, ки дар соли ҷашнии ҳаштодсолагии таъсиси Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, ҳадаф дорад, ки ҳамкориро байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Милали Муттаҳид тақвият бахшад.

«Ҷанги дуюми ҷаҳон — ҷанги умумӣ, ғалабаи умумӣ ва хотираи муштараки ҳама мардумони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла халқи Тоҷикистон мебошад»,-иброз гардид дар конфронс.

Маҳз ба ҳамин далел Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша нисбат ба сарнавишти шумораи ками иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, кормандони ақибгоҳ ва аъзои хонаводаи онҳо ғамхории доимӣ зоҳир менамояд.

Таъкид гардид, ки рӯзи Ғалаба на танҳо фурсат барои арҷгузорӣ ба корномаи фарзонагони гузашта, балки ёдоварии аҳамияти нигоҳдории хотираи таърихӣ дар байни насли наврас мебошад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Октябрь 8, 2025 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид