ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲРО РИОЯ НАМОЕД! Дар нуҳ моҳ дар Тоҷикистон 999 ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 28.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли равон дар қаламрави ҷумҳурӣ 999 ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки 434 ҳолати онро пахши пиёдагардон ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи ин ҳодисаҳо 144 нафар пиёдагард ба ҳалокат расида, 318 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вақтҳои охир вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон ва оқибатҳои фалокатбори онҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ташвишовар гардидааст.
Коршиносон иброз медоранд, ки ҳолати садаманокӣ дар роҳҳои мошингарди мамлакат асосан аз интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, хусусан ронандагони воситаҳои нақлиёт вобастагии калон дорад.
Сабабҳои асосии садамаи нақлиётӣ суръати аз меъёр зиёд, вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, баромадан ба самти муқобил ва идораи воситаи нақлиёт ва дар ҳолати мастӣ мебошанд. Инчунин бештари садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон ва велосипедронҳо ба амал омада, аксари фавтидагон дар садамаҳои роҳу нақлиётӣ пиёдагарду мототсиклрон ва велосипедронҳо мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ҳодисаҳо нохуши роҳу нақлиёт аз 20 то 30 октябр дар Тоҷикистон бо мақсади бехатарии шаҳрвандон-пиёдагардон, риояи қоидаҳои роҳ, баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ амалиёти мақсадноки «Пиёдагард» гузаронида мешавад.
Бо мақсади коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар ҷумҳурӣ имрӯзҳо амалиёти «Пиёдагард» ҷараён дорад.
Масъулин аз тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват менамоянд, ки дар гузаронидани амалиёти «Пиёдагард» фаъол бошанд. Инчунин талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намуда, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






