Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар даври ҷамъбастии озмун беш аз 200 довталаб аз муассисаҳои миёна ва олии касбии мамлакат иштирок намуда, 9 нафар ғолиб дониста шуданд. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо маблағи 20 000 сомонӣ, 15 000 сомонӣ, 7 500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин 10 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.
Зимни баргузории озмун иброз гардид, ки озмун бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи Мактаби давлатдории Пешвои миллат баргузор гардид.
«Осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари таърихи пурғановат ва пурифтихори миллати тоҷик, инъикосгари таърихи забону тамаддун, муаррифи фарҳанги бою ғании миллати тоҷдору куҳанбунёди мо мебошад. Мутолиаи ин асарҳо моро бо сарнавишти миллату давлат шинос намуда, талошу заҳматҳои халқи фарҳангсолор ва куҳантамаддуни тоҷикро барои аз даст надодани забону фарҳанги худ инъикос менамояд»,-изҳор шуд дар маросими қадрдонии ғолибони озмун.
Ёдовар мешавем, ки озмун дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025» соли дуюм аст, ки бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон байни аҳолии ҷавони мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад.
Донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат, доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат, донистани санадҳои муҳими меъёрҳои ҳуқуқӣ оид ба мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, донистани мероси таърихию фарҳангии моддию маънавии халқи тоҷик, қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ аз ҷумлаи шартҳои озмун мебошанд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода






