ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» корҳои таъмиру навсозӣ идома доранд
ДУШАНБЕ, 14.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» корҳои навсозии гидроагрегати ҳафтум ва таъмири ҷории баъзе механизмҳои гидроагрегатҳо идома доранд. Бо мақсади бо барқи хушсифат таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ба корҳои омодагӣ вусъат бахшида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти ин неругоҳ хабар доданд.
Мутахассисони неругоҳи «Норак» аз рӯи нақшаи тасдиқшуда, барои омода намудани неругоҳ ба кори муътадил ва устувор дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 корҳои муҳим, аз ҷумла захира намудани маводи зиддилағжиш барои роҳҳои нақлиётии неругоҳ, омода намудани нақлиёт ва механизмҳои хоҷагии нақлиёти автомобилӣ, тоза намудани сангрезаҳо аз паси девори муҳофизатии бинои «Зилзиласанҷӣ», дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани дизел-генераторҳо, баровардани селовардҳо аз барражҳои №1-2-и сойи Сафедоб ва аз ҳавзи сойи Лагерро сад фоиз иҷро намудаанд.
Масъулини неругоҳ иброз доштанд, ки мутахассисони онҳо барои бо барқи хушсифат таъмин намудани аҳолӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода мебаранд. Аз ҷумла, тибқи лоиҳаи татбиқшаванда, таҷдиди гидроагрегатҳо, таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротурбинаҳо, иваз намудани трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ дар толори мошинҳо ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 тонна ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасон идома доранд.
«Аз сокинони мамлакат низ хоҳиш карда мешавад, ки истифодаи сарфакоронаи неруи барқро, хусусан дар фасли зимистон фаромӯш насозанд. Бо сарфаи неруи барқ талабот ба истеҳсоли барзиёд кам гардида, ба коҳиши хароҷоти асосӣ дар бахши энергетика мусоидат мекунад. Ҳамчунин захираҳои озодшуда метавонанд барои рушди соҳаҳои дигари афзалиятнок — аз ҷумла маориф, тандурустӣ, нақлиёт ва инфрасохтор равона шаванд», — таъкид намуданд онҳо.
Ёдовар мешавем, ки 20 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак»» оғози расмӣ бахшиданд.
Неругоҳи барқи обии «Норак» бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, айни замон дар он зиёда аз 700 нафар корманд, аз ҷумла 160 нафар занон фаъолият доранд. Шумораи ҳайати муҳандисӣ-техникии неругоҳ беш аз 200 нафарро ташкил медиҳад.
Обанбори неругоҳ обанбори танзими солона ба ҳисоб рафта, аз саргаҳи дарғот дар масофаи 70 километр тӯл кашидааст. Ҳаҷми обанбор 10,5 километри мукааб буда, аз ин 4,5 километри мукааби он барои истеҳсоли неруи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон истифода бурда мешавад. Дарғоти (садди) неругоҳ маҷмааи гидротехникии сангу гилӣ буда, бо баландии 300 метр имрӯз дар ҷаҳон баландтарин дарғоти сангу гилӣ ба шумор меравад.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак»», иқтидори лоиҳавии неругоҳ аз 3000 ба 3300 МВт бардошта шуда, дар маҷмуъ бо назардошти тавоноии барқароршаванда иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳ 700 МВт зиёд, сатҳу сифати хизматрасонӣ дар неругоҳ беҳтар ва таъминоти неруи барқ дар кишвар ба таври назаррас баланд хоҳад гардид.
Бояд гуфт, ки дар вақти татбиқи амалии лоиҳа, ҷиҳати таҷдиди босамари агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Норак» пудратчиён аз техникаву технологияи муосири ҷаҳонӣ истифода мебаранд.
Таъкид кардан зарур аст, ки зимни таҷдиду навсозӣ тамоми системаи неругоҳ бо технологияи навтарин ва пешрафтаи соҳа иваз карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд






