Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ 12 километр роҳи мумфаршу чароғонро ба истифода доданд

Октябрь 22, 2025 11:55

ДУШАНБЕ, 22.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Заркамари деҳоти Миралиобод ҳамчунин роҳи мумфаршу чароғонгардидаро, ки бо саҳми сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ бо маблағи умумии зиёда аз ду миллион сомонӣ бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Роҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳо барои ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ бунёд шуда, аз ду хати ҳаракат бо паҳноии 7 метр иборат мебошад ва дар маҷмуъ 12 километрро ташкил медиҳад.

Акнун пас аз ба истифода додани роҳи мошингард, рафтуомади бемамониати нақлиёт тамоми фаслҳои сол таъмин ва интиқоли молу маҳсулот осон мегардад.

Бунёди роҳ бо мақсади тадбирҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун туҳфаи арзишманд ба сокинони ноҳияи Восеъ арзёбӣ мегардад, ки бо иқдоми хайрхоҳонаи шахсони саховатпеша бо сифати баланд сохта шудааст.

Зимни шиносоӣ бо қитъаи роҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки бунёди роҳ ба рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити арзандаи зиндагии мардум мусоидат мекунад.

Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳ барои пиёдагардон, ҷӯйборҳои ду канори роҳ, шинонидани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзкорӣ зебогии роҳро дучанд кардааст.

Канори роҳ тибқи талабот чароғон карда шудааст, ки шабонгаҳ дар баробари таъмини рӯшноию зебоӣ, ҳамзамон ба осудагию бехатарии сокинон мусоидат менамояд.

Баъди ифтитоҳи қитъаи роҳ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ дар корҳои ободониро амали шоиста унвон намуда, таваҷҷуҳи масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро ба нигоҳубини дурусти роҳ барои солиёни зиёд ба мардум хизмат расондан ҷалб намуданд.
Ба истифода додани 12 километр роҳи бо саҳми сокинон ва соҳибкорон мумфаршу чароғонгардида дар ноҳияи Восеъ 22.10.2025

Октябрь 22, 2025 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ аз боғи хоҷагии деҳқонии Миралӣ Маҳмадалӣ боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Маҷмааи варзишии ба номи Лолахон Қаҳҳоровро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ корхонаи дӯзандагӣ ва маркази хизматрасонии «Дурдона»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ ба фаъолияти як қатор иншооти таъйиноти гуногун оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои нави Маркази ташхисии «Тибби Ҳулбук»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъро мавриди истифода қарор доданд
Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ бо ифтитоҳи Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ оғоз ёфт
Дар шаҳри Хоруғ 13 корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соҳили Сирдарё ба минтақаи истироҳатию фароғатӣ табдил дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфтанд