Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии кишварҳои иштирокдори ИДМ-ро ба ҳузур пазируфтанд

Октябрь 21, 2025 09:59

ДУШАНБЕ, 21.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсози прокуророни генералӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки баргузории ҷаласаи навбатии Шуро дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар арафаи 30-солагии таъсиси он аҳамияти хоса дорад.

Бо ишора ба нақши муҳими прокуратураҳо дар таҳкими қонуният ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ гуфта шуд, ки дар давоми се даҳсола кишварҳои Иттиҳод низоми боэътимоди ҳамкориро барои таъмини қонуният ва мубориза бо ҷинояткорӣ бунёд кардаанд.

Сарвари давлат аз натиҷаҳои мусбати ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ ва Ҳамоиши “Осиёи Марказӣ — Русия”, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки зимни ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо Барномаи сесолаи ҳамкории кишварҳои иштирокдор оид ба муқовимат ба терроризм ва экстремизм барои солҳои 2026-2028 қабул гардид, ки татбиқи он ба таҳкими сулҳу субот ва амният дар минтақа мусоидат менамояд.

Дар ин зимн нақши калидии мақомоти прокуратура дар таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, экстремизм ва терроризм таъкид карда шуд.

Дар идома иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори фаъоли талошҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар самти мубориза бо терроризм ва дигар таҳдидҳо мебошад.

Ҳамзамон, ба зарурати таҳкими ҳамкории прокуратураҳо дар доираи ИДМ ва дигар сохторҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҳама гуна зуҳуроти таҳдиду хатарҳои муосири амниятӣ ишора карда шуд.

Дар ин замина иброз гардид, ки ҷонибҳоро зарур аст то дар самти муқовимат ба ҷинояткории киберӣ, минҷумла истифодаи гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ аз технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ барои роҳандозии ҳадафҳои ҷиноятии худ чораҳои муштараки ҳамоҳангшуда андешида, мавриди татбиқ қарор диҳанд.

Дар фарҷом изҳори бовар карда шуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи 35-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокуророни генералӣ ба тавсеаи ҳамкории судманд ва мубодилаи самараноки таҷриба мусоидат менамояд.

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои прокуратураҳои генералии давлатҳои иштирокдори ИДМ 21.10.2025

Октябрь 21, 2025 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон