Рӯзҳои наздик дар вилояти Хатлон нақшаи ҷамъоварӣ пахта пурра иҷро мегардад
ДУШАНБЕ, 29.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Хатлон рӯзҳои наздик нақшаи ҷамъоварии пахта пурра иҷро мегардад. Имсол нақшаи ҷамъоварии пахта дар 19 шаҳру ноҳияи вилоят 254 ҳазору 300 тонна ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз ба андозаи 96 фоиз иҷро гардидаст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Баҳодур Ҳасанзода иттилоъ дод.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор, то имрӯз 14 шаҳру ноҳия — Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав пурра аз иҷрои нақшаи пахта баромаданд.
Баҳодур Ҳасанзода афзуд, ки «кишоварзони вилоят дар доираи иҷрои дастури супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 17 январи соли 2025 амал намуда, ҳосили фаровонро таъмин намуданд».
«Дар ин маҷлис Сарвари давлат пахтакориро яке аз манбаъҳои асосии таъмини ашёи хом барои саноати сабук ва ҷойи фаровони кор барои мардум маънидод карда, оид ба ривоҷ додани ин бахши муҳим супоришҳои қатъӣ дода буданд»,-илова кард сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш доданд, ки дар 2-3 соли оянда бояд ягон килограмм нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз мамлакат берун бароварда нашавад.
Сарвари давлат бо таъкид изҳор доштанд, ки корхонаҳои коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ бунёд гардида, минбаъд истеҳсолот пурра дар асоси пахтаи ватанӣ ба роҳ монда шавад.
Тибқи иттилои фаврии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мамлакат то 29 октябр кишоварзон 352 ҳазору 897 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 90,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар як рӯз чинакчиён то 2461 тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд.
Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста мешавад, зеро тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол мегардад. Ин зироатро бештар барои нахаш парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад. Пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин мо навъҳое дорем, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






