РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегӣ дониста мешавад
ДУШАНБЕ, 07.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2021 инҷониб 7 октябр Рӯзи ҷаҳонии пахта ҳисобида мешавад. Ин сана бо ташаббуси Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид барои баланд бардоштани сатҳи огоҳии соҳаи пахтакорӣ ва нақши муҳими он дар рушди иқтисод ва савдои байналмилалӣ муайян гардидааст. Нахи табиии пахта маҳсулотест, ки 24 миллион истеҳсолкунандаро дастгирӣ карда, ба беш аз 100 миллион оилаҳо дар 80 давлати дунё даромад меорад.
Аҳамияти иқтисодии пахта
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ ба Ҳукумати мамлакат ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ супориш доданд, ки дар 2-3 соли оянда бояд ягон килограмм нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз мамлакат берун бароварда нашавад.
Сарвари давлат бо таъкид изҳор доштанд, ки корхонаҳои коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус нахи пахта ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ бунёд гардида, минбаъд истеҳсолот пурра дар асоси пахтаи ватанӣ ба роҳ монда шавад.
Агар ин супориши Сарвари давлат амалӣ гардад, имконият медиҳад, ки Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба давлати содироткунандаи маҳсулоти босифати саноатӣ табдил ёфта, дар ин баробар вобастагии бозорҳои мамлакат аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш ёбад.
Устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров иброз намуд, ки пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста мешавад, зеро тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулот истеҳсол мегардад. Ин зироатро бештар барои нахаш парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад. Пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин мо навъҳое дорем, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад.
Зикриёхон Ҳайдаров афзуд, ки аз як тонна пахта вобаста ба навъу намуд аз 320 то 400 килограмм ва ҳатто 420 килограмм нах истеҳсол кардан мумкин аст. Ҳамчунин аз 1 тонна пахта ҳудудан то 560 ва 600 килограмм чигит истеҳсол мегардад. Аз чигити боқимонда вобаста ба навъу намуд равған истеҳсол кардан мумкин аст. Фоизи равған ҳам дар чигити пахта якхела нест. Ҳатто равғаннокии чигит дар дохили як ғӯзаи пахта тағйир меёбад, масалан, чигити мобайнӣ метавонад серравған бошад ва равғаннокии чигити канорӣ нисбатан кам мешавад. Инчунин ҷойгиршавии чигитҳо низ фарқ мекунад. Ҳудудан аз чигити пахта тавассути ду маротиба коркард намудан ба ҳисоби миёна то 28 фоиз равған гирифтан мумкин аст. Ба ҳисоби миёна аз 5 килограмм чигити пахта 1 килограмм равған ё аз ин зиёд истеҳсол намудан мумкин мебошад.
Ба таҳлили иқтисодчиён, ҳангоми коркард кардани нахи пахтаи хом дараҷаи даромаднокии пахта нисбат ба парвариши зироати ғалла 8 маротиба бештар мешавад. Ҳангоми коркарди пурраи ин ашёи саноатӣ аҳамияти пахтапарварӣ нисбат ба ғаллапарварӣ 25 маротиба зиёдтар мегардад.
Чаро дар Тоҷикистон кишти пахта коҳиш меёбад?
Тоҷикистон мамлакатест, ки аз рӯйи нишондиҳандаҳои хоку иқлим ва шароити парвариш аз дигар давлатҳо фарқ мекунад. Аммо мутаассифона, солҳои охир дар Тоҷикистон майдони кишт ва ҳаҷми ҷамъоварии пахта коҳиш меёбад. Агар соли 2022 зиёда аз 404 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шуда бошад, пас соли 2024 ҳамагӣ 254 ҳазор тонна пахта ҷамъ карда шуд.
Омили кам гардидани ҳосил ва майдони кишти онро коршиносони ин соҳа ба риоя нагардидани агротехникаи парвариш ва таъсири тағйирёбии иқлим рабт медиҳанд.
Тибқи маълумоти фаврии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 7 октябри соли 2025 кишоварзони мамлакат 261 ҳазору 264 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки дар як рӯз 6110 тоннаро ташкил медиҳад.
Ба таҳлили коршиносон, дар ҷумҳурӣ барои пайваста иҷро намудани нақшаи истеҳсоли пахта имконият мавҷуд аст. Роҳи асосии он дар баробари ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа баланд бардоштани нархи хариди пахта мебошад.
Тибқи таҳлили иқтисодчиён, аз 1 тонна пахта вобаста ба навъ ба ҳисоби миёна 300-350 кило нах ва 560-580 кило тухмӣ гирифта мешавад. Аз ин миқдор нах 350-400 метри мураббаъ матоъ ва аз тухмӣ 100-120 кило равған, тақрибан 270 кило кунҷора ва 170 кило пасмондаи пӯсти чигит истеҳсол кардан мумкин аст.
Пас, барои рушди ин соҳа бояд камбудиҳо бартараф ва дастгирии Ҳукумати мамлакат бештар гардад. Кишоварзон мегӯянд, ки муҳимтарин омили ҳавасмандсозии деҳқонон ба кишти пунбадона нисбатан баланд бардоштани нархи фурӯши пахта мебошад. Агар арзиши пахта баланд шавад, ҳавасмандии кишоварзон низ бештар мегардад. Инчунин истифодаи оқилонаи обу замин имкон медиҳад, ки ҳосили ин маҳсулоти дорои аҳамияти стратегӣ боз ҳам афзоиш ёбад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ДАРАХТ БИНШОН! Дарахтони сӯзанбарг аҳамияти иқтисодӣ ва шифобахшӣ доранд
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Он ба рушди зеҳнии ҷавонон замина мегузорад
НЕРУГОҲИ «РОҒУН» — ТАМАДДУНИ ЗЕРИЗАМИНӢ. Андешаҳо дар бораи азамати ин иншооти аср
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи нодурусти ангишт метавонад боиси заҳролудшавии инсон гардад
БАРОИ ГИРИФТОР НАШУДАН БА БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ ЧӢ БОЯД КАРД? Пеш аз ҳама, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ муҳим аст
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Бохтар ва Кӯлоб навсозӣ мешаванд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст






