РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБХОНАҲОИ МАКТАБӢ. Онҳо дар китобхон шудани хонандагон нақши асосӣ доранд
ДУШАНБЕ, 27.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Душанбеи чоруми моҳи октябр ҳамасола дар тамоми дунё ҳамчун Рӯзи байналмилалии китобхонаҳои мактабӣ эътироф шудааст. Мақсади ин сана беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар китобхонаҳои мактабӣ ва тарғиби мутолиаи китоб байни наврасон мебошад.
Вазифаи асосии ҳамаи китобхонаҳои мактабӣ- ин дар раванди таълим ба омӯзгорону хонандагон кумак расондан мебошад. Зеро бе китобхонаи муҷаҳҳаз бо адабиёти лозимӣ мактаб наметавонад вазифаи худро дар таълиму тарбияи хонандагон пурра иҷро намояд. Имрӯз дар аксари китобхонаҳои муассисаҳои таълимии мамлакат шароити мусоид барои мутолиаи китоб муҳайё гардида, хонандагон бо китобҳои дарсию бадеӣ таъмин мебошанд.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар айни ҳол зиёда аз 60 фоизи эҳтиёҷоти умумӣ ба китоб, ки раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат пешниҳод кардаанд, таъмин шудааст. Инчунин то анҷоми соли 2025 зиёда аз 9 миллион китобҳои дарсӣ ва дигар маводи таълимӣ дастраси раёсату шуъбаҳои маориф мегарданд.
Китобхона дар беҳтар шудани ахлоқ, рушди маънавиёт, ташаккули тафаккур ва васеъшавии ҷаҳонбинии ҷавонон нақши муҳим мебозад. Истиқлолияти давлатӣ имкон фароҳам овард, ки дар тамоми қаламрави мамлакат китобхонаҳои замонавӣ бунёд гардида, барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва маънавиёти наврасону ҷавонон фаъолият намояд.
Ҳамин аст, ки солҳои охир таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба китобхонӣ афзоиш ёфта, онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии китобхонӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор мегардад, фаъолона иштирок менамоянд.
Бояд иброз намуд, ки барои ташаккули самараноки фарҳанги мутолиа ҷалби хонандагони хурдсол ба хониш нақши калидӣ мебозад.
Тавре китобдор Гадобек Маҳмудов иброз медорад, барои ҷалби хонандагон зарур аст, ки таълими фанни «Асосҳои ташаккули фарҳанги китобдорӣ-иттилоотӣ» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ роҳандозӣ гардад. Инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ силсилачорабиниҳо бо унвони «Китоб ва хонанда» бо иштироки хонандагон баргузор карда шаванд. Дар рӯзҳои таътили зимистонаю тобистонаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, барномаи «Сайри ҷаҳони маънӣ»- бо усули хона ба хона тақсим кардани китоб ба роҳ монда шавад. Инчунин китобҳои дар хазинаи китобхонаҳои мактабӣ мавҷуда дар шакли электронӣ дастраси хонандагон гардонда шаванд.
Ба таъкиди Гадобек Маҳмудов, барои ҷалби наврасону кӯдакон ба китобхонӣ волидайнро низ зарур аст, ки масъулиятнокӣ эҳсос намоянд. Онҳо бояд дар баробари ба воя расонидани кӯдак, ҳамзамон барои баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо низ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Аз овони кӯдакӣ то ба мактаб онҳоро ба шунидану аз худ кардани афсонаҳо одат кунонанд.
Ба андешаи мутахассиси соҳаи китобдорӣ Зафари Шариф, таҳқиқоти илмии хониши кӯдакону наврасон шаҳодат медиҳад, ки дар раванди ташаккули фарҳанги мутолиаи кӯдакони синни томактабӣ ва синни хурди мактабӣ имконияти мавҷудаи оила, муассисаҳои томактабӣ, мактаб, китобхонаҳои мактабӣ ва бачагона ба қадри кофӣ ва самаранок истифода бурда намешаванду робитаи мутақобилаи онҳо ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест.
«Чорабиниҳои бо ин мақсад роҳандозишуда бештар гурӯҳӣ буда, бе назардошти психологияи синнусолӣ баргузор мегарданд ва натиҷаи онҳо аксаран аз рӯи нишондиҳандаҳои шуморавӣ арзёбӣ мегардад. Ҳол он ки дар ин маврид арзёбии мундариҷаи чорабиниҳо аҳамияти бештар дорад. Қисми муайяни падару модарон оид ба хониши фарзандони худ ва унсурҳои ба он алоқаманд бо мураббиён ва омӯзгорону китобдорон дар сатҳи зарурӣ ҳамкорӣ надоранд», -афзуд ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, бо назардошти он ки кӯдакон гурӯҳи махсуси иҷтимоӣ ба шумор рафта, раванди камолоти онҳо нисбат ба дигар гурӯҳҳои синнусолӣ бо нишонаҳои барҷастаи худ тафовут дорад, волидайн дар раванди тарбияи ҳисси муҳаббат нисбат ба китоб ва умуман, ташаккули фарҳанги мутолиаи он бояд аз имконияти тамоми ниҳодҳои иҷтимоии ба тарбия алоқаманд самаранок истифода баранд.
Муҳимтар аз ҳама, мусоидтарин фурсат – синни томактабӣ ва синни хурди мактабии фарзандон, ки барои тарбияи ҳисси муҳаббат нисбат ба китобу хониш давраи муносиб ба шумор рафта, ба раванди камолоти равониву ҷисмонии онҳо таъсири бештар мерасонад, бояд ба таври мукаммал ва самаранок истифода бурда шавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Байни китобхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Туркия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Аҷдодони тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои қадим соҳиби парчам будаанд
Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳадафи сулҳу оштӣ ва ҳамзистии осоишта ҷавлон мезанад
Пешвои миллат: «Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, худшиносӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад»
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Ҳайати ҳунарии Театри давлатии академии опера ва балет дар Операи Рим ҳунарнамоӣ менамояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли гулкарам ба гирифторони бемориҳои ҷигар ва талхадон муфид аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ гуна ангиштро дуруст истифода барем, то хатари заҳролудшавиро пешгирӣ кунем?
БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ. Дар Тоҷикистон аз майдони кам метавон ҳосили баланди босифат ба даст овард
ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 3 миллион нусхаи чопӣ нигоҳдорӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли сиёҳдона дар зимистон хавфи гирифторӣ ба зукомро коҳиш медиҳад






