РАМЗИ 7 СИТОРАИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОД. Ва ё 7 омиле, ки сармоягузорони хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб менамоянд

Октябрь 15, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 15.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. Рамзи 7 ситораи Парчами миллӣ дар рушди иқтисод ва ё 7 омиле, ки сармоягузорони хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб менамояд, кадомҳоянд?

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон, ки дар доираи Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест-2025» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ин 7 омилро чунин тавзеҳ дод:

«Омили якум- ин омодагии сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ба ин иқдоми Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла мулоқоти Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 октябр дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» сухан намуданд, мисол шуда метавонад.

Омили дуюм- амн будани Тоҷикистон. Ҳамасола дар раддабандии кишварҳои амнтарини ҷаҳон Тоҷикистон дар сегонаи давлатҳри амнтарини дунё қарор мегирад. Амну субот яке аз омилҳои асосии ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди иқтисоди миллӣ мебошад.

Сеюм- ин захираҳои табиӣ, аз ҷумла маъданҳои зеризаминӣ, захираҳои гидроэнергетикӣ, кишоварзӣ, туризм ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мебошад.

Омили чорум неруи ҷавони корӣ ва ҳушманди мамлакат аст, ки барои пешбурди иқтисоди миллӣ заминаи боэътимод ва устувор маҳсуб мешавад.

Омили панҷум бозор аст, зеро барои ҳар сармоягузор бозор муҳим мебошад. Бо вуҷуди он, ки Тоҷикистон дорои аҳолии зиёд нест, аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ дар қорае ҷойгир аст, ки дар он беш аз 3 миллиард аҳолӣ сукунат дорад. Ба ин кишварҳои ҳамсояи Чин ва Ҳиндустон мисол шуда метавонанд, ки дорои бозорҳои бузурги тиҷоратиянд.

Омили шашум, ки ба рушди сармоягузорӣ мусоидат менамояд, имтиёзҳоянд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон пешниҳод гардидаанд. Ҳукумати Тоҷикистон барои сармоягузорону соҳибкорон 240 кафолату имтиёз пешниҳод намудааст.

Омили ҳафтум- ин сармоягузории иқтисоди “сабз” мебошад. Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ на танҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар ҷаҳон мебошад».

Таъкид гардид ки ин 7 омил имкон медиҳанд, ки сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда, сармоягузорӣ намоянд. Ҳадафи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» ҳам ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҳам муарифии имконияти сармоягузории мамлакат мебошад.

Бояд гуфт, ки ҷаласаи сармоягузории Тоҷикистон дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир гардид. Дар он соҳибкорону сармоягузорони ватанӣ ва хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, тиҷораташонро пеш мебаранд ва дар рушди иқтисоди мамлакат саҳм мегузоранд, доир ба имконот ва фазои сармоягузорию соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва имтиёзҳои пешниҳодшуда ибрози назар намуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд