Раёсат дар Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи ИДМ аз Тоҷикистон ба Арманистон гузашт

Октябрь 3, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 03.10.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раёсат дар Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Арманистон гузашт. Қарори дахлдор имрӯз зимни ҷаласаи Шуро дар Ереван қабул карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, прокуророни генералии Арманистон, Қирғизистон, муовинони прокуророни генералии Русия, Беларус, директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон ва муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа бо қарори дахлдор Прокурори генералии Ҷумҳурии Арманистон Анна Вардапетян ҳамчун раиси Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия дар солҳои 2025-2026 таъйин карда шуд.

Дар идома Сулаймон Султонзода вобаста ба корҳои анҷомдодашуда дар давраи раисӣ дар Шуро ва таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия сухан гуфт.

Дар охири ҷаласа барои фаъолияти Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия дар солҳои 2025 — 2026 қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, доир ба таъмини иҷро ба аъзои Шуро ирсол гардид.

Иштирокдорони ҷаласа изҳор намуданд, ки қарорҳои қабулгардида барои пурзӯр гардидани муқовимат ба коррупсия дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 3, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд